Шумори квотаҳои ҳаҷ барои тоҷикистониён кам нашуд

Asia-Plus

Ҳукуматдорони Арабистони Саудӣ шумори квотаҳои адои маросими ҳаҷ барои шаҳрвандони Тоҷикистонро тасдиқ намуда, ҳарчанд дар бораи коҳиши он гуфтугузорҳо ҷой дошт, имсол ҳам 6 ҳазор нафар тоҷикистониён ба зиёрати макони муқаддаси Ислом мушарраф шуда метавонанд.

Аз Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, ки айни замон қайди хоҳишмандони адои маросими ҳаҷ дар соли равон идома дорад.

Қобили зикр аст, ки аввали соли 2016 ҳукумати Тоҷикистон қарор қабул кард, ки тибқи он аз ин ба баъд шаҳрвандони синни то 40-солаи ҷумҳурӣ ба сафари ҳаҷ рафта наметавонанд. Қабл аз сафар ба ҳаҷ зойирини тоҷик бояд аз муоинаи комиссияи тиббӣ низ гузаранд.

«Имсол вазъи молиявии хоҳишмандони адои ҳаҷ бо тартиби махсус санҷида шуда, роҳбарони раёсатҳои Кумитаи дин дар маҳалҳо шахсан бо вазъи зиндагии оилаи ҳаҷраванда шинос ва бояд бовар ҳосил намоянд, ки вазъи молиявиашон хуб буда, қарзу дигар мушкилот надоранд ва агар ин оила қарздор бошад, масалан аз бонк, аризаи шахси аз ин оила ҳаҷраванда баргардонда мешавад», – гуфт як манбаъ аз Кумитаи дин.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи манбаъ, арзиши маросими адои ҳаҷи имсола то ҳол муқаррар нашуда, «вале яқин аст, ки бар асари болоравии қурби доллар нисбати сомонӣ, нархи он аз соли гузашта баландтар хоҳад буд».

Бино ба иттилои Gulf News , ҳукуматдорони Арабистони Саудӣ ҳамчунин андозаи маблағҳои раводидро афзуда, боҷҳои нав ҷорӣ кардаанд. Арзиши раводиди вуруд барои 1 маротиба ба муҳлати 2 моҳ беш аз 10 баробар – аз 50 то 530 доллар ва боз илова 26 доллар барои ҳар як моҳи иловагӣ зиёд шудааст.

Баъзе ширкатҳои Русия арзиши роҳхат ба ҳаҷ дар соли 2017-ро муқаррар кардаанд, ки аз 4300 то 12 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Дар Қазоқистон арзиши маросими ҳаҷи имсола – 3800 доллар, Озарбойҷон – аз 4450 то 5200 доллар ва Туркия – беш аз 4500 доллар муқаррар шудааст.

Ба арзиши роҳхати адои маросими ҳаҷ маъмулан сафар ба ҳарду тараф тариқи ҳавопаймо, иқомат дар меҳмонхона дар Маккаву Мадина, хӯроки севақта, кӯмаки тиббӣ, сарулибоси маъмулӣ, чорво барои қурбонӣ кардан, ҷомадон ва дигар хизматгузориҳои зарурӣ дохил мешаванд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...