Беш аз 8 млн. доллар зиёни ТАЛКО аз қатъи сартосарии барқ дар соли гузашта

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бар асари қатъи сартосарии барқ дар ҷумҳурӣ, ки моҳи октябри соли гузашта дар низоми энергетикии кишвар рух дод, ба Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) беш аз 8 млн. доллар зиён расида, 40 адад ваннаҳои элкетролизӣ аз кор баромаданд, ки арзиши ҳар кадоме аз онҳо беш аз 200 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, тӯли 2 моҳи соли равон ТАЛКО ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба андозаи 36,3% коҳиш дода, дар ин давра дар ширкат ҳамагӣ 16,3 ҳазор тонна алюминии аввалия истеҳсол шудааст, ки нисбат ба давраи моҳҳои январ-феврали соли 2016 – 9,3 ҳазор тонна камтар аст.

Қайд мешавад, ки маблағи умумии маҳсулти истеҳсолшуда 61,7 млн. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25,4 млн. сомонӣ камтар мебошад.

Коҳиши ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалияро дар Вазорат ба саривақт ворид нашудани ашёи хом, кокс ва криолити нафтӣ, ҳамчунин поинравии нархи алюминий дар бозори металлҳои Лондон нисбат медиҳанд.

Таъкид мешавад, ки 28 октябри соли гузашта бар асари садама қариб тамоми кишвар муддати се соат бе барқ монда, аз ин садама ширкат хисороти зиёд бардошт: 40 электролизёрҳо аз кор баромада, дар натиҷа ба ширкат дар ҳаҷми 65 млн. сомонӣ (8,2 млн. доллар ба аввали соли 2017) зиёни иқтисодӣ расонида шуд.

То садама дар ширкат беш аз 300 ваннаҳои электролизӣ мавриди истифода қарор дошта, мутахассисони ТАЛКО рӯзи дигар бад шудани сифати металлеро, ки он замон гудохта мешуд, аз эҳтимол дур надонистанд. Дар бораи аз кор баромадани ваннаҳои электролизӣ маълум дода нашуда буд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 28 октябри соли гузашта дар натиҷаи нуқсон дар дастгоҳи автоматикии зиддисадамавии зеристгоҳи «Регар 500 кВ» дар низоми энергетикии кишвар садамаи бузургмиқёс рух дод. Зеристгоҳи зикршуда бузургтарин дар ҷумҳурӣ буда, корхонаи ТАЛКО ва ин зеристгоҳ ҳарду дар шаҳри Турсунзода воқеъанд.

Маълумот доир ба ҳаҷми умумии зиёни расида ба иқтисоди кишвар бар асари ин садама то ҳол дастраси умум нагаштааст. Қаблан зикр гардида буд, ки ба ҳисобу китоби зарар гурӯҳи кории назди Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ машғул аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...