Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ширкати «Формула-55» созишномаи шарикӣ ба имзо мерасонанд. Маросими имзои созишнома дар толори конфронси Федератсияи футболи Тоҷикистон соати 11-00 доир мегардад;

– Дар Чемпиоанти Осиё оид ба бокс 8 нафар намояндагони Тоҷикистон ширкат меварзанд. Рӯзи 2 май қувваозмоиҳои зерин баргузор мешавад: Бахтовар Сагизов (то 52 кг) – Сеневиратне Бандара (Шри-Ланка), Шаббос Неъматуллоев (81 кг) – Шао-Хю Хи (Тайван), Сиёвуш Зуҳуров (беш аз 91 кг) – Хайпенг Му (Чин).

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.4999 сомонӣ;

1 евро – 9.2742 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1523 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1949 – Дар ИҶШС гузориши нахустини телевизонӣ оид ба футбол аз варзишгоҳи «Динамо» доир гардид.

1946 – Ифтитоҳи варзишгоҳи «Динамо» дар Тоҷикистон.

2001 – Дар Душанбе Машварати 11-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) доир гардид.

2007 — Дар Тоҷикистон нахустин портали иттилоотӣ бо забони тоҷикӣ – www.varorud.tj ифтитоҳ гардид.

2008 — Дар Тоҷикистон созмони нави байнулмилалии ҷамъиятӣ – Ассотсиатсияи ВАО-и форсизабон «Афрӯз» сабти ном шуд.

2011 – Террористи №1, раҳбари «Ал-Қоида» Усама бен Ладен кушта шуд.

2014 — Дар Тоҷикистон Шӯрои миллӣ оид ба аҳолӣ ва рушд таъсис дода шуд.

1903-1978 – Зодрӯзи аввалин коргардони ҳирфаии тоҷик, муассиси студияҳои кинои Душанбе ва Тошканд, Ҳунарманди халқии ИҶШС, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Комил Ярматов.

1911-1977 – Мавлуди Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи ба номи Ленин, раиси Кумитаи ҳамраъйӣ бо кишварҳои Осиёву Африқои ИҶШС Мирзо Турсунзода.

1915-1974 – Зодрӯзи олим-филолог, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон Носирҷон Маъсумӣ.

1928-2001 – Мавлуди академик, арбоби давлатӣ Акбар Махсумов.

1947 – Зодрӯзи Мақсуд Икромов, вакили ду даъвати Шӯрои Олии ҶТ (23-юми декабри соли 1997 ба ҳалокат расид).

1958 – Мавлуди журналист Алихон Зарифӣ.

1963-2002 – Зодрӯзи журналист ва овозхон Лидуш Ҳабиб.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +24+29; дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +15+20.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +27+32; дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +20+25.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +2+7, рӯзона +17+22; дар шарқ шабона -5-10, рӯзона +5+10.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +7+12, рӯзона +24+29; дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +18+23. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +27+29.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +25+27.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +28+30.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +18+20.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...