Иштироки даҳҳо сокинони пойтахт дар раҳпаймоии «Полки абадӣ»

Даҳҳо сокини шаҳри Душанбе бо акси падарону бобоҳои худ дар роҳпаймоии "Полки абадӣ" иштирок карданд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, иштирокдорони "Полки абадӣ" бо шиор ва аксҳои ширкатдорони Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ аз Майдони Ғалаба (маҳаллаи маъруф ба "Тонки ёдгорӣ") дар маркази Душанбе то​ Боғи Ғалаба раҳпаймоӣ карданд ва кормандони милиса монеи онҳо […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Даҳҳо сокини шаҳри Душанбе бо акси падарону бобоҳои худ дар роҳпаймоии "Полки абадӣ" иштирок карданд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, иштирокдорони "Полки абадӣ" бо шиор ва аксҳои ширкатдорони Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ аз Майдони Ғалаба (маҳаллаи маъруф ба "Тонки ёдгорӣ") дар маркази Душанбе то​ Боғи Ғалаба раҳпаймоӣ карданд ва кормандони милиса монеи онҳо нашуданд.

Шавкат Мирзоев, раиси Иттиҳодияи ҷанговарони собиқадори Тоҷикистон гуфт, дар ин раҳпаймоӣ ҳудуди 500 нафар ширкат доштанд ва аз назди Майдони Ғалаба то Боғи Ғалаба тариқи роҳҳои пиёдагард омада, ба ҳаракати сокинон ва нақлиёти шаҳрӣ халале нарасонданд.

Раҳпаймоии "Полки абадӣ" дар ҳоле баргузор шуд, ки чанд рӯз қабл мақомоти тоҷик эълон карда буданд, ин иқдом ба далели "фаннӣ" баргузор намешавад ва сабабаш ин аст, ки мақомот баробар бо ташкили Паради ҳарбӣ дар Боғи ғалаба имкони танзими боз як маъракаи серҷамъиятро надоранд. Вале баҳси аслиро дар матбуот, бахусус матбуоти русӣ шарҳи хабаргузории расмии "Ховар" эҷод кард, ки шоми 4 май дар ин замина аз ҷумла навишт, ки ба хиёбонҳо бо акси фавтидагон баромадани мардум хилофи арзишҳои исломию мазҳабӣ аст.

Иқдоми "Полки абадӣ" аз соли 2011 дар Русия ва бархеи кишварҳои дигар бо нияти поси хотири қурбониёни Ҷанги ҷаҳонии дувум бо ширкати ҳазорҳо собиқадорони ҷанг ва сокинони оддӣ баргузор мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.