Барои хабар надодан дар бораи ҷиноят журналист маҳкум шуд

Asia-Plus

Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ жруналистзани тоҷик Миҷгона Ҳалимоваро мутобиқи моддаи 347-и КҶ ҶТ (хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он) гунаҳкор эътироф намуда, ҷаримабандӣ кард.

Хабарнигори агентии иттилоотии «Озодагон» бояд дар ҳаҷми 25 ҳазор сомонӣ ҷарима супорад. Як манбаъи огаҳ аз мурофиаи судӣ ба «Азия-Плюс» гуфт, Миҷгона Ҳалимова аз болои ин қарори суд ба зинаи таҷдиди назар шикоят намебарад.

Ба хотири амнияти худи рӯзноманигор доир ба ҷузъиёти баррасии парвандаи мазкур маълумот дода намешавад.

Миҷгона Ҳалимова то соли 2015 ба ҳайси хабарнигори нашрияи Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон – газетаи «Наҷот» ва сомонаи ҳизб – nahzat.tj фаъолият дошт. Пас аз қатъи фаъолияти нашрияи ҳизб Миҷгона дар хабаргузории мустақили «Озодагон» ба кор шурӯъ намуд. Ӯ ҳиҷобпӯш буд, ҳарчанд борҳо ба ӯ тавсия дода буданд, ки аз пӯшидани он даст кашад.

Замони тафтишот ва мурофиаи судӣ Миҷгона Ҳалимова барои кумаки ҳуқуқӣ ба созмонҳои ғайридавлатии ҳомии ҳуқуқ муроҷиат кард, вале касе дастгириаш накард. Барои пардохти маблағи кори адвокати хусусӣ ба ӯ раиси Анҷумани миллии ВАО-и мустақили Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев ва коршиноси масоили матбуот Абдумалик Қодиров кумак карданд.

Айни замон журналистони тоҷик мустақилона кӯшиш доранд, ки ба ҳамтои худ барои пардохти ҷарима маблағи заруриро ҷамъоварӣ кунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...