Барои хабар надодан дар бораи ҷиноят журналист маҳкум шуд

Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ жруналистзани тоҷик Миҷгона Ҳалимоваро мутобиқи моддаи 347-и КҶ ҶТ (хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он) гунаҳкор эътироф намуда, ҷаримабандӣ кард. Хабарнигори агентии иттилоотии «Озодагон» бояд дар ҳаҷми 25 ҳазор сомонӣ ҷарима супорад. Як манбаъи огаҳ аз мурофиаи судӣ ба «Азия-Плюс» гуфт, Миҷгона Ҳалимова аз болои ин қарори суд […]

Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ жруналистзани тоҷик Миҷгона Ҳалимоваро мутобиқи моддаи 347-и КҶ ҶТ (хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он) гунаҳкор эътироф намуда, ҷаримабандӣ кард.

Хабарнигори агентии иттилоотии «Озодагон» бояд дар ҳаҷми 25 ҳазор сомонӣ ҷарима супорад. Як манбаъи огаҳ аз мурофиаи судӣ ба «Азия-Плюс» гуфт, Миҷгона Ҳалимова аз болои ин қарори суд ба зинаи таҷдиди назар шикоят намебарад.

Ба хотири амнияти худи рӯзноманигор доир ба ҷузъиёти баррасии парвандаи мазкур маълумот дода намешавад.

Миҷгона Ҳалимова то соли 2015 ба ҳайси хабарнигори нашрияи Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон – газетаи «Наҷот» ва сомонаи ҳизб – nahzat.tj фаъолият дошт. Пас аз қатъи фаъолияти нашрияи ҳизб Миҷгона дар хабаргузории мустақили «Озодагон» ба кор шурӯъ намуд. Ӯ ҳиҷобпӯш буд, ҳарчанд борҳо ба ӯ тавсия дода буданд, ки аз пӯшидани он даст кашад.

Замони тафтишот ва мурофиаи судӣ Миҷгона Ҳалимова барои кумаки ҳуқуқӣ ба созмонҳои ғайридавлатии ҳомии ҳуқуқ муроҷиат кард, вале касе дастгириаш накард. Барои пардохти маблағи кори адвокати хусусӣ ба ӯ раиси Анҷумани миллии ВАО-и мустақили Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев ва коршиноси масоили матбуот Абдумалик Қодиров кумак карданд.

Айни замон журналистони тоҷик мустақилона кӯшиш доранд, ки ба ҳамтои худ барои пардохти ҷарима маблағи заруриро ҷамъоварӣ кунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.