Савдогарон ба тасдиқи қонунияти молашон аз рӯи ҳуҷҷат уҳдадор шуданд

Соҳибкорони Тоҷикистон акнун дар баробари бурдани китоби баҳисобгирии даромаду хароҷот, ба пешниҳоди дигар ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла, ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда, борхати мол (борхати нақлиётӣ) ва эъломияи гумрукии воридоти мол ба нозири андоз уҳдадор шуданд. Тавре дар маълумоти Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ дар ин робита қайд мешавад, хариду фуруши мол аз ҷониби соҳибкороне, ки […]

Соҳибкорони Тоҷикистон акнун дар баробари бурдани китоби баҳисобгирии даромаду хароҷот, ба пешниҳоди дигар ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла, ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда, борхати мол (борхати нақлиётӣ) ва эъломияи гумрукии воридоти мол ба нозири андоз уҳдадор шуданд.

Тавре дар маълумоти Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ дар ин робита қайд мешавад, хариду фуруши мол аз ҷониби соҳибкороне, ки ба фурӯши чаканаи молҳо машғул мебошанд, дар доираи шартнома амалӣ карда мешавад.

«Тибқи Тартиби истифодабарии системаи соддакардашудаи ҳисобот ва баҳисобгирӣ дар суъбектҳои соҳибкории хурди Тоҷикистон, бояд аз ҷониби соҳибкороне, ки ба фурӯши чаканаи молҳо машғул мебошанд, барои  қонунӣ гардонидани амалиётҳои хоҷагидорӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи хариди моли ба фурӯш баровардашудаи худро дошта бошанд», – омадааст дар маълумоти Кумита.

Ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда, борхати мол (борхати нақлиётӣ) ва эъломияи гумрукии воридоти молро Кумитаи андоз аз ҷумлаи чунин ҳуҷҷатҳо номбар кардааст.

Гуфта мешавад, дар сурати риоя нагардидани талаботи мазкур нисбати қонуншиканон барои риоя накардани тартиби муқарраргардида дар ҳаҷми аз 7,5 то 10 ҳазор сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ пешбинӣ карда шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.