Дархости 40 ҳабси якумрӣ барои ҳамлагари клуби Истамбул

Намояндаи додситонии Истамбули Туркия барои шаҳрванди Ӯзбекистон Абдулқодир Машарипов, ки шаби Соли нав ба клуби шабонаи ин шаҳр ҳамла кард, 40 ҳабси якумрӣ ва 2 ҳазору 397 соли зиндон талаб кард. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Машарипов пештар аз додрас барои худ ҳукми қатл хост. Ин шаҳрванди Ӯзбекистонро дар "кӯшиши сарнагун кардани […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Намояндаи додситонии Истамбули Туркия барои шаҳрванди Ӯзбекистон Абдулқодир Машарипов, ки шаби Соли нав ба клуби шабонаи ин шаҳр ҳамла кард, 40 ҳабси якумрӣ ва 2 ҳазору 397 соли зиндон талаб кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Машарипов пештар аз додрас барои худ ҳукми қатл хост. Ин шаҳрванди Ӯзбекистонро дар "кӯшиши сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ", анҷоми амали террористӣ, куштори теъдоди зиёди одамон ва ғайриқонунӣ нигаҳ доштани силоҳ айбдор мекунанд.

Ӯ ҳини бозпурсӣ иқрор кард, ки нақша дошт, шаби 1 январ дар майдони "Тақсим"-и Истамбул амали террористӣ анҷом диҳад. Вале ба иллати ташдиди чораҳои амниятӣ тасмим гирифт, ба клуби "Reina" ҳамла кунад, ки дар натиҷа 39 одам кушта ва 65 тани дигар захмӣ шуданд.

Машарипов баъди чанд рӯз дар маҳаллаи Эсенюрти Истамбул дастгир гашт. Ҳангоми боздошт аз манзили зисташ ду туфангча, дрон, чанд симкорт ва 197 ҳазор доллари ИМА пайдо карданд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркия мегӯянд, эҳтимол аст, ин пулҳоро ӯ бар ивази анҷоми ҳамла дарёфт карда бошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.