Ҳунармандони ӯзбекро дар Қӯрғонтеппа пешвоз гирифтанд

Ходимони санъату ҳунармандони Ӯзбекистон, ки дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ба Душанбе ташриф оварданд, имрӯз ба шаҳри Қӯрғонтеппа раҳсипор гардиданд. Меҳмонони кишвари ҳамсоя имрӯз аз макони таърихиву ҷойҳои тамошобоби шаҳр, аз осорхона ва китобхонаи вилоятӣ боздид намуда, нимаи рӯз дар Театри ба номи Ато Муҳаммадҷонов консерти ҳунармандони ӯзбек баргузор мешавад. Қобили зикр аст, […]

Cайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Ходимони санъату ҳунармандони Ӯзбекистон, ки дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ба Душанбе ташриф оварданд, имрӯз ба шаҳри Қӯрғонтеппа раҳсипор гардиданд.

Меҳмонони кишвари ҳамсоя имрӯз аз макони таърихиву ҷойҳои тамошобоби шаҳр, аз осорхона ва китобхонаи вилоятӣ боздид намуда, нимаи рӯз дар Театри ба номи Ато Муҳаммадҷонов консерти ҳунармандони ӯзбек баргузор мешавад.

Қобили зикр аст, ки бо хатсайри ҳавоии ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» рӯзи 9 май 55 нафар намояндагони санъату ҳунари кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон ба Душанбе омаданд.

Дар ҳайати кишвари ҳамсоя Ҳунармандони халқии Ӯзбекистон Ғуломҷон Ёқубов ва Маҳмуд Намозов, овозхони маъруф Севинч Муминова, ансамбли давлатии тарона ва рақси «Ӯзбекистон» ҳузур доранд. Ҳамчунин ҳамроҳ бо ходимони санъат намояндагони ҳукумат, Вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанги Ӯзбекистон, Филармонияи давлатӣ ва «Ӯзбеккино» низ ташриф оварданд.

Шоми рӯзи 10 майи соли 2017 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ маросими ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.