«Дӯстии мову шумо абадӣ аст». Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон

Шоми 10 майи соли 2017 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода зимни сухани шодбошӣ иброз дошт, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси боз ҳам мустаҳкам гардидани муносибатҳои ду кишвари ба […]

Дафтари матбуоти Вазорати фарханги ҶТ

Шоми 10 майи соли 2017 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода зимни сухани шодбошӣ иброз дошт, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси боз ҳам мустаҳкам гардидани муносибатҳои ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамсояхоҳанд гардид.

“Фалсафаи фарҳанги тоҷик басо амиқу ибрат омӯзаст. Дӯстиву рафоқат дар ин фалсафа мақоми хоса доранд. Донӣ, ки чист давлат, дидори ёр дидан, дар кӯи ӯ гадоӣ, дар хусравӣ гузидан”,- иброз дошт Шамсиддин Орумбекзода.

Муовини якуми Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон, роҳбари ҳайати расмии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Минҳоҷиддин Ҳоҷиматов низ аҳли толор ва намояндагони соҳаи санъатро бо ибтидои ин падидаи хотирмони фарҳангӣ муборакбод намуд.

“Миннатдории худро ба роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон барои чунин ташабус изҳор медорам. Тӯли ду рӯз ҳар ҷое равем, моро бо дили кушод ва лабони пуртабассум пешвоз мегиранд”,- изҳори хушҳолӣ намуд Минҳоҷиддин Ҳоҷиматов.

Сипас номбурда оид ба дӯстиву бародарии ду адиби машҳури халқи тоҷик ва ӯзбек – Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ ёдовар шуд ва аз шоҳасарҳои ин ду шоири шинохта порачаҳо оид ба дӯстиву рафоқат қироат намуда, нутқи худро бо мисраъҳои машҳури сардафтари адабиёти тоҷику форс Абӯабдулло рӯдакӣ “Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷахон, Бартар аз дидори рӯи дӯстон” интиҳо бахшид.

Баъдан барномаи рангину ҷолиб ва хотирмони консертӣ манзури мухлисони савту наво гардиданд. Раққосаҳои сарвқомат ва ҳофизони хушсадо бо ҳунари худ санъати ӯзбекро ба аҳли толор муаррифӣ намуда, хотири онҳоро болида гардониданд. Хусусан ҳунарнамоии ҳофизони шинохтаи ӯзбек Севинч Мӯминова, Ғуломҷон Ёқубов, Маҳмуд Намозов, Анвар Собиров ва Ансамбли давлатии тарона ва рақси “Ӯзбекистон” писанди аҳли нишаст гардид.

Ҳофизи халқии Ӯзбекистон Ғуломҷон Ёқубов оид ба дӯстиву рафоқати халқи тоҷику ӯзбек ҳарф зада, гуфт:

“Тоҷику ӯзбек ҳарчанд ду забон доранд, аммо як дил доранд, урфу одати ягона, туйи ягона ва ҳатто таоми ягона доранд. Дар Ӯзбекистон ҳам оши палов ва дар Тоҷикистон ҳам оши палов мехӯрем. Дӯстии мову шумо абадӣ аст ва абадӣ хоҳанд монд!”. Гуфтаҳои мазкур бо кафкӯбиҳои пурмавҷ ва тӯлонии аҳли толор тасдиқ ёфт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.