Аз дасти «Тоҷпромбонк» зани нафақахӯр ба худкушӣ даст заданист

Asia-Plus

Зани нафақахӯри 84-сола пулҳои дар «Тоҷпромбонк» амонатгузоштаи худро бозгашт гирифта наметавонад. Ӯ аз Президенти Тоҷикистон кумак дархост дорад.

Номаҳои сершумори сокини Душанбе Роза Асанова ба унвони раҳбарияти сохторҳои дахлдор ва Президенти Тоҷикистон бе посух мондаанд. Аз ин рӯ, нафақахӯр тасмим гирифт, ки бо мактуби кушод тариқи ВАО ба сарвари давлат муроҷиат намояд.

Дар номаи Асанова ба унвони президент қайд мешавад, ки ҳанӯз соли 2009 ӯ амонатҳои худро ба «Тоҷпромбонк» гузоштааст. Ӯ хонаашро фурӯхта маблағро ба суратҳисоби амонатгузории «Тоҷпромбонк» гузоштааст, зеро мехост каме онро зиёд карда, ба зодгоҳаш – Русия рахти сафар бандад.

Ба гуфтаи ӯ, баъдан маблағҳои дигари фурӯши амволи манқул ва ғайриманқул, аз ҷумла манзилҳои ду духтараш низ ба ҳамин суратҳисоб гузошта шуда, моҳи майи соли 2016, замоне, ки муҳлати амонатгузорӣ ба охир мерасад, Асанова ва духтаронаш пулҳоро гирифта, барои иқомати доимӣ ба Русия рафтанӣ мешаванд, аммо то ҳанӯз ин маблағро дастрас карда наметавонанд.

«Мо барои харидани хона дар Русия пул ҷамъ кардем, вале аз ин кори мо ҳеҷ натиҷае ҳосил нашуд, ҳамаи нақшаҳои мо барбод рафтанд», – мегӯяд бо ашк дар чашмон Асанова. – Чун гаравгонем, моро фиреб дода, пулҳоямонро дуздиданд».

Нафақахӯр таъкид мекунад, ки ҳамаи мансабдорон бо як забон ба ӯ мегӯянд, ки «аз Фонди суғуртаи амонатҳо 17 ҳазор сомонӣ гирифтед, акнун интизор шавед».

«Дар ҳамин ҳол, мо – се оилаи Асановҳо ба сафи қашшоқон пайвастем. Мо камбағалем, зиндагӣ не, балки вуҷуд дорему халос, – шикоят мекунад зан. – Ман бемори ҷиддиам, базӯр роҳ мегардам. Бемории саратон дорам, аз касалии қанд азият мекашам, фишорам баланд аст, як бор сактаи майна (инсулт)-ро аз сар гузаронидам. Барои муолиҷа пул надорам, оҳиста-оҳиста мемурам. Ҳамсарам даргузашт».

«Ман дигар сабр карда наметавонам, ғайр аз ба худкушӣ даст задан, дигар илоҷе боқӣ намондааст. Аз минбаъд чунин зиндагӣ кардан, мурдан беҳтар аст», – менависад Роза Асанова.

Ӯ аз президент Эмомалӣ Раҳмон кумак дархост мекунад. «Мо ҳама шаҳрвандии Русияро дорем. Бигзор бо мо ҳисоббаробарӣ кунанду ба ватан – хонаамон гусел кунанд», – илова намуд нафақахӯр.

Қобили зикр аст, ки «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор дошта, Бонки миллӣ моҳи феврали соли равон иҷозатномаҳои онҳоро бозхонд кард. Сабаби бозхонди иҷозатнома чунин маънидод мешавад, ки онҳо иҷрои уҳдадориҳои худ назди мизоҷонашонро таъмин карда наметавонанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...