Аз дасти «Тоҷпромбонк» зани нафақахӯр ба худкушӣ даст заданист

Зани нафақахӯри 84-сола пулҳои дар «Тоҷпромбонк» амонатгузоштаи худро бозгашт гирифта наметавонад. Ӯ аз Президенти Тоҷикистон кумак дархост дорад. Номаҳои сершумори сокини Душанбе Роза Асанова ба унвони раҳбарияти сохторҳои дахлдор ва Президенти Тоҷикистон бе посух мондаанд. Аз ин рӯ, нафақахӯр тасмим гирифт, ки бо мактуби кушод тариқи ВАО ба сарвари давлат муроҷиат намояд. Дар номаи Асанова […]

Asia-Plus

Зани нафақахӯри 84-сола пулҳои дар «Тоҷпромбонк» амонатгузоштаи худро бозгашт гирифта наметавонад. Ӯ аз Президенти Тоҷикистон кумак дархост дорад.

Номаҳои сершумори сокини Душанбе Роза Асанова ба унвони раҳбарияти сохторҳои дахлдор ва Президенти Тоҷикистон бе посух мондаанд. Аз ин рӯ, нафақахӯр тасмим гирифт, ки бо мактуби кушод тариқи ВАО ба сарвари давлат муроҷиат намояд.

Дар номаи Асанова ба унвони президент қайд мешавад, ки ҳанӯз соли 2009 ӯ амонатҳои худро ба «Тоҷпромбонк» гузоштааст. Ӯ хонаашро фурӯхта маблағро ба суратҳисоби амонатгузории «Тоҷпромбонк» гузоштааст, зеро мехост каме онро зиёд карда, ба зодгоҳаш – Русия рахти сафар бандад.

Ба гуфтаи ӯ, баъдан маблағҳои дигари фурӯши амволи манқул ва ғайриманқул, аз ҷумла манзилҳои ду духтараш низ ба ҳамин суратҳисоб гузошта шуда, моҳи майи соли 2016, замоне, ки муҳлати амонатгузорӣ ба охир мерасад, Асанова ва духтаронаш пулҳоро гирифта, барои иқомати доимӣ ба Русия рафтанӣ мешаванд, аммо то ҳанӯз ин маблағро дастрас карда наметавонанд.

«Мо барои харидани хона дар Русия пул ҷамъ кардем, вале аз ин кори мо ҳеҷ натиҷае ҳосил нашуд, ҳамаи нақшаҳои мо барбод рафтанд», – мегӯяд бо ашк дар чашмон Асанова. – Чун гаравгонем, моро фиреб дода, пулҳоямонро дуздиданд».

Нафақахӯр таъкид мекунад, ки ҳамаи мансабдорон бо як забон ба ӯ мегӯянд, ки «аз Фонди суғуртаи амонатҳо 17 ҳазор сомонӣ гирифтед, акнун интизор шавед».

«Дар ҳамин ҳол, мо – се оилаи Асановҳо ба сафи қашшоқон пайвастем. Мо камбағалем, зиндагӣ не, балки вуҷуд дорему халос, – шикоят мекунад зан. – Ман бемори ҷиддиам, базӯр роҳ мегардам. Бемории саратон дорам, аз касалии қанд азият мекашам, фишорам баланд аст, як бор сактаи майна (инсулт)-ро аз сар гузаронидам. Барои муолиҷа пул надорам, оҳиста-оҳиста мемурам. Ҳамсарам даргузашт».

«Ман дигар сабр карда наметавонам, ғайр аз ба худкушӣ даст задан, дигар илоҷе боқӣ намондааст. Аз минбаъд чунин зиндагӣ кардан, мурдан беҳтар аст», – менависад Роза Асанова.

Ӯ аз президент Эмомалӣ Раҳмон кумак дархост мекунад. «Мо ҳама шаҳрвандии Русияро дорем. Бигзор бо мо ҳисоббаробарӣ кунанду ба ватан – хонаамон гусел кунанд», – илова намуд нафақахӯр.

Қобили зикр аст, ки «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор дошта, Бонки миллӣ моҳи феврали соли равон иҷозатномаҳои онҳоро бозхонд кард. Сабаби бозхонди иҷозатнома чунин маънидод мешавад, ки онҳо иҷрои уҳдадориҳои худ назди мизоҷонашонро таъмин карда наметавонанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.