Осеби 10 нафар аз кандашавии чархофалак дар Ош

Дар боғи Навоии шаҳри Оши Қирғизистон занҷири чархофалак (карусел) канда шуда, даҳ нафарро бистарӣ кард. Бино ба иттилои Sputnik Тоҷикистон, ин ҳодиса шоми рӯзи 14 май ба вуқӯъ пайваста, дар паи он зиёда аз 10 нафар захмӣ шудаанд. Гуфта мешавад, дар натиҷаи канда шудани занҷираи карусел чор нафар дар табобатхона бистарӣ гардида ва як кас […]

Sputnik Тоҷикистон

Дар боғи Навоии шаҳри Оши Қирғизистон занҷири чархофалак (карусел) канда шуда, даҳ нафарро бистарӣ кард.

Бино ба иттилои Sputnik Тоҷикистон, ин ҳодиса шоми рӯзи 14 май ба вуқӯъ пайваста, дар паи он зиёда аз 10 нафар захмӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи канда шудани занҷираи карусел чор нафар дар табобатхона бистарӣ гардида ва як кас дар ҳолати беҳушӣ қарор дорад.

Ҳангоми канда шудани занҷира дар карусел зиёда аз 10 нафар, аз ҷумла кӯдакон қарор доштанд. Бино ба додаҳои расонаҳои маҳаллӣ шаш нафар дар паи бардоштани ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ гардида, ҳолати яке аз беморон — зани соли таваллудаш 1980 вазнин арзёбӣ мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.