Дастоварди назарраси дзюдочиёни тоҷик дар Ӯзбекистон

Варзишгарони ҷавони Тоҷикистон дар мусобиқаи Ҷоми Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон ва ҷавонон 9 медал – 5 тилло, 1 нуқра, 3 биринҷӣ ба даст оварданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти КМО ҶТ, мусобиқа 11-14 май дар шаҳри Чирчиқи Ӯзбекистон бо иштироки наздики 200 варзишгар аз 9 давлат – Арабистони Саудӣ, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, […]

Маркази матбуоти КМО Тоҷикистон

Варзишгарони ҷавони Тоҷикистон дар мусобиқаи Ҷоми Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон ва ҷавонон 9 медал – 5 тилло, 1 нуқра, 3 биринҷӣ ба даст оварданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти КМО ҶТ, мусобиқа 11-14 май дар шаҳри Чирчиқи Ӯзбекистон бо иштироки наздики 200 варзишгар аз 9 давлат – Арабистони Саудӣ, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон баргузор шуд.

Гуфта мешавад, миёни наврасон варзишгарони мо дар вазнҳои 52 (занон), 55, 60, 66, 73, 81, 90, 100, +100 кило (мардон) рақобат карданд. Дар вазни 81 кило Ҷаҳонгир Маҷидов, дар вазни 100 кило Тимур Раҳимов ва дар вазни +100 кило Ардашер Мирзоев сазовори медали тилло гардиданд. Раҳматуллобек Фарҳодов (81 кило) медали нуқра, Эраҷ Абдуллоев (73 кило), Ҳоҷимашраб Раҳмонов (90 кило) ва Шукрона Қарчиева (52 кило, миёни бонувон) медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар мусобиқа байни ҷавонон Шодмон Ризоев (50 кило) ва Ҷамолиддин Абдуллоев (66) медали тиллоро ба гардан овехтанд. Худобахши Аброр (55), Муҳаммадризо Қувватов (60), Эмомризо Қурбонов ҷои панҷум, Хушвахт Идиев ва Бобоҷон Бобоев ҷои ҳафтумро сазовор шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.