То соли 2020 Тоҷикистон табодули мол бо Чинро то 3 млрд. доллар расониданист

Asia-Plus

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров имрӯз ҳайати комиссия оид ба корҳои хориҷии кумитаи умумичинии Шӯрои Халқии сиёсӣ ва машваратии Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти раёсати роҳбари гурӯҳ Пан Юнхе, ки бо сафари кори ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, зимни мулоқот Шукурҷон Зуҳуров қайд кардааст, ки дар миёни шарикони муҳими тиҷоратии мо Хитой ҳамоно дар мақоми аввал қарор дорад ва дар заминаи ҷалби сармоягузории соҳаи саноат дар иқтисоди Тоҷикистон ҳамчун сармоягузори бузург ба шумор меравад.

Зуҳуров ба ҳамсуҳбати худ итминон додааст, ки Тоҷикистон ҷараёни корҳои ҳавасмандгардониро барои ҷалби бештари ширкатҳои хитоӣ ба Тоҷикистон идома ва барои ин фазои мусоиди сармоягузориро ҷонибдорӣ ва таъмин намуда, дар ин замина ташаббусҳои таъсиси минтақаи озоди тиҷоратиро бо Хитой ба таври ҷиддӣ баррасӣ хоҳад кард.

«Бо назардошти он, ки мубодилаи тиҷоратии дуҷонибаи мо дар соли гузашта дар натиҷаи равандҳои манфии иқтисоди ҷаҳонӣ ба андозаи 30% коҳиш ёфт, мо омода ҳастем, ки барои дар соли 2020 то 3 миллиард доллари амрикоӣ расонидани табодули тиҷоратии дуҷониба тадбирҳои муштарак андешем», – иброз доштааст Зуҳуров.

Бино ба маълумоти оморӣ, аз рӯи натиҷаҳои соли 2016 ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Чин беш аз 885 млн. долларро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2015 ба миқдори 11% бештар аст.

«Қабл аз ҳама, мо ният дорем, ки таваҷҷуҳи бештар ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла лимон, хурмо, ангур ва дигар навъҳои меваю сабзавоти тару тозаро ба Хитой тақвият бахшем, – гуфтааст Зуҳуров. – Мо ба имзои Протоколи талаботи фитосанитарии байни Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Сарраёсати давлатии назорати техникӣ ва карантинии маҳсулоти Хитой дар рӯзҳои наздик умедвор ҳастем».

Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин изҳори боварӣ намуданд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону-Чин дар ҳама самтҳо мазмуну мундариҷаи нав касб намуда, дар оянда доираҳои зиёди мавриди таваҷҷуҳ ва барои тарафҳо манфиатоварро фаро хоҳанд гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...