Русия ба Тоҷикистон техникаи наҷотдиҳӣ тақдим кард

Ҳукумати Русия дар доираи Барномаи рушди СММ имрӯз ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати ҶТ ба маблағи умумии 1,6 млн. доллар 11 адад техника барои рафъи ҳолатҳои садамавӣ ва наҷотдиҳӣ тақдим кард. Сухангӯи КҲФ ва МГ Тоҷикистон Умеда Юсуофиа ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки тақдими техникаи мазкур бо мақсади […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҳукумати Русия дар доираи Барномаи рушди СММ имрӯз ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати ҶТ ба маблағи умумии 1,6 млн. доллар 11 адад техника барои рафъи ҳолатҳои садамавӣ ва наҷотдиҳӣ тақдим кард.

Сухангӯи КҲФ ва МГ Тоҷикистон Умеда Юсуофиа ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки тақдими техникаи мазкур бо мақсади амалисозии лоиҳаи «Тақвияти имконот оид ба омодагирӣ ва вокуниш», ки моҳи августи соли 2016 миёни КҲФ ва МГ Тоҷикистон ва ҳукумати Русия ба имзо расидааст, сурат гирифт.

Зимнан зикр гардид, ки дар маросими тақдими техникаҳо раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Рустам Назарзода ва сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов иштирок кардаанд.

Лоиҳаи тақдими техника барои рафъи ҳолатҳои садамавӣ ва наҷотдиҳӣ ба Тоҷикистон то моҳи июли соли 2016 пешбинӣ шуда, аз ду таркиб –  таъсиси низоми ягона оид ба огаҳӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода барои беҳбуди ҳамоҳангсозӣ миёни сохторҳои давлатӣ дар соҳаи омодагӣ ба вокуниш ва таҳкими имконоти воҳидҳои наҷотдиҳии КҲФ иборат аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.