Роҳбари Хадамоти гумрук дар Чин қарор дошта, ин ниҳод ба таври муқаррарӣ фаъолият дорад

Дар Тоҷикистон маълумот доир ба боздошти 40 нафар кормандони Хадамоти гумрукро ба гумони даст доштан дар коррупсия рад мекунанд. Тавре як манбаъ аз сохторҳои қудратӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ин маълумот асоси воқеӣ надорад. «Охири соли гузашта дар баъзе воҳидҳои Хадамоти гумрук санҷиши дохилӣ гузаронида шуда, якчанд камбудиҳо ошкор ва барои ислоҳи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон маълумот доир ба боздошти 40 нафар кормандони Хадамоти гумрукро ба гумони даст доштан дар коррупсия рад мекунанд.

Тавре як манбаъ аз сохторҳои қудратӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ин маълумот асоси воқеӣ надорад.

«Охири соли гузашта дар баъзе воҳидҳои Хадамоти гумрук санҷиши дохилӣ гузаронида шуда, якчанд камбудиҳо ошкор ва барои ислоҳи онҳо муҳлат дода шуд, – гуфт манбаъ. – Ин камбудиҳоро ба ҳеҷ гунае наметавон ҳамчун қонуншиканӣ ё ҷиноят маънидод кард».

Таъкид шуд, ки он замон сардори Хадамоти гумрук Абдуфаттоҳ Ғоиб дастур дода буд, ки дар бораи натиҷаҳои санҷиш (аудит) хаттӣ ба Агентии зиддифасод маълумот пешниҳод карда шавад.

«Айни замон роҳбари Хадамот бо иҷозаи президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар сафари хидматӣ дар Чин қарор дошта, бо ҳамтоҳои чинии худ масъалаҳои ҳамкории мақомоти гумруки ҳарду кишвар ва омодакунии мутахассисони тоҷик дар мактабҳои олии Чинро баррасӣ мекунад», – иброз дошт манбаъ.

Қаблан чанде аз ВАО бо истинод ба манбаъҳои худ дар сохторҳои қудратии Тоҷикистон хабар доданд, ки сардори Хадамоти гумрук Абдуфаттоҳ Ғоиб ба наздикӣ аз мансабаш сабукдӯш мегардад.

Сабаби барканории ӯ аз мансаб чунин маънидод шуд, ки соли 2016 Хадамоти гумрук нақшаи воридшавии маблағҳо ба буҷети ҷумҳуриро таъмин карда натавонист.

Ғайр аз ин, ВАО иттилоъ дода буданд, ки беш аз 40 нафар кормандони хадамоти гумрук барои даст доштан дар порагирӣ аз соҳибкорон барои кам кардани арзиши гумрукии маҳсулоти воридотӣ ба кишвар боздошт шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.