Ҳисобу китоби вакил: ронандагони маршруткаҳо ба мусофирон 93 млн. сомонӣ бақияпулӣ надодаанд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»-ро маъқул шумориданд. Минбаъд кормандони БДА ВКД Тоҷикистон ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки автомашинаҳои дар ҷойҳои манъшуда таваққуфкардаро ба майдончаҳои ҷаримавӣ сафарбар намоянд. Баъди қабули тағйирот вакил Абдуҳалим Ғаффров қайд кард, ки айни замон кормандони БДА умуман ба мушкилоти ҷойдошта […]

Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»-ро маъқул шумориданд.

Минбаъд кормандони БДА ВКД Тоҷикистон ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки автомашинаҳои дар ҷойҳои манъшуда таваққуфкардаро ба майдончаҳои ҷаримавӣ сафарбар намоянд.

Баъди қабули тағйирот вакил Абдуҳалим Ғаффров қайд кард, ки айни замон кормандони БДА умуман ба мушкилоти ҷойдошта дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд.

Ӯ аз он нигаронӣ изҳор намуд, ки имрӯз ронандагони маршруткаҳо ба ҷои ҳашт мусофири муқарраршуда то 10 нафар ва зиёдтар аз он мусофиронро дар дохили автомашинаашон ҷой медиҳанд.

«Ғайр аз ин, ҳеҷ кадоме аз онҳо ба мусофирон бақияпулӣ намедиҳад, ҳарчанд нархҳо дар маршруткаҳо вобаста ба масофа аз 80 дирам то 1 сомониву 60 дирамро ташкил медиҳад, вале аз мусофирон ба ҷои ин 1 ва 2 сомонӣ роҳкиро мегиранд, – гуфт ӯ. – Аз рӯи ҳисобу китоби ман, ронандагони маршруткаҳои пойтахт дар як сол ба мусофирон дар маҷмӯъ 93 млн. сомонӣ бақияпулӣ надодаанд».

Муовини аввали вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Абдураҳмон Аламшозода ба вакил посух дод, ки дар робита ба масъалаи аз шумори муқарраршуда зиёд мусофир гирифтани маршруткаҳо даҳҳо ҳазор санад тартиб дода шуда, ронандагон ҷаримабандӣ шудаанд ва «вазъ дар ин самт тадриҷан рӯ ба беҳбудӣ меорад».

«Аммо назорати масъалаи марбут ба баргардонидани бақияпулӣ ба мусофирон вазифаи милитсия нест», – зикр кард Аламшозода ва изҳор намуд, ки ин масъаларо бояд Вазорати нақлиёт назорат кунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Беш аз 1,1 млн сомонӣ пули буҷетро тасарруф кард”. Сармуҳосиби беморхонаи марказии Варзоб ба 11 соли зиндон маҳкум шудааст

Додгоҳи ноҳияи Варзоб Бахтовар Сиддиқов, сармуҳосиби беморхонаи марказии ин ноҳияро, ки ба тасарруфи беш аз 1,1 млн сомонӣ пули буҷа гумонзад мешуд, ба 11...

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

Шабонарӯзи гузашта дар Эрон ва дигар кишварҳои Ховари Миёна чӣ гузашт, дар ин матлаби мо хонед.

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.