Тавсияи худдорӣ аз сафар ба Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон

Asia-Plus

Ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия дода шуд, ки дар давраи аз 1 июн то 12 июли соли равон аз сафар ба шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Сочи ва Қазони Русия худдорӣ варзанд. Тӯли ин муддат дар шаҳрҳои зикршуда бозиҳои Ҷоми футболи конфедератсияи FIFA 2017 баргузор мешаванд.

Дар тамоми муддати баргузории ин мусобиқа маросими бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ дар шароити махсус сурат мегирад.

Президенти Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонид, ки тартиботи бақайдгирии муҳоҷират барои шаҳрвандони хориҷӣ дар ин давраро тағйир медиҳад. Ин фармон дар сомонаи иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст.

«Бар асоси ин фармон дар ин давра ба ҳамаи хориҷиён зарур аст, ки дар муддати як шабонарӯз худро ба қайд гузоранд, – огоҳ мекунад Human Rights Center Tajikistan. – Агар шумо дар ин муддати кӯтоҳ худро ба қайди муҳоҷират гузошта натавонед, нисбати шумо андешида шудани чораҳои муҷозоти маъмурӣ имкон дорад, ки ба манъи вуруд ба Русия сабаб шуда метавонад».

Мутобиқи фармони мазкур, ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ, ки марзи Русияро дар давраи аз 1 июн то 12 июли соли 2017 убур кардаанд, бояд дар давоми як шабонарӯз худро ба қайди муҳоҷират гузоранд.

Ёдрас мекунем, ки тибқи созишномаҳои байниҳукуматӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Русия мераванд, ҳуқуқ доранд, ки дар муддати 15 шабонарӯз худро дар қайди муҳоҷират гузоранд, аммо бо назардошти ин фармон, алҳол онҳо аз ин ҳуқуқ маҳрум шуданд.

Қобили зикр аст, ки муқаррароти ин фармон танҳо ба шаҳрвандоне дахл дорад, ки дар ин давра хоҳиши сафар ба чор шаҳри Русия – Маскав, Санкт-Петербург, Сочи ва Қазонро дошта бошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...