Оё барои Тоҷикистон афви навбатӣ зарур аст?

Дар остонаи 20-умин солгарди имзои Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки санаи 27 июн ҷашн гирифта мешавад, бисёре аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ умедворанд, ки президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи қонуни навбатӣ «Дар бораи авф»-ро ба парлумон пешниҳод мекунад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз дастгоҳи президент иттилоъ дод, эълони авф салоҳияти сарвари давлат буда, […]

Дар остонаи 20-умин солгарди имзои Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки санаи 27 июн ҷашн гирифта мешавад, бисёре аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ умедворанд, ки президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи қонуни навбатӣ «Дар бораи авф»-ро ба парлумон пешниҳод мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз дастгоҳи президент иттилоъ дод, эълони авф салоҳияти сарвари давлат буда, ҳеҷ касе пешакӣ гуфта наметавонад, ки ӯ авфро элон мекунад ё на.

Дар палатаи поёнии парлумон ба «Азия-Плюс» изҳор намуданд, ки агар дар ниҳояти кор сарвари давлат авф эълон кунад, барои қонунӣ кардани он ҳоло вақт кофист.

Ба ақидаи сиёсатмадор ва журналисти тоҷик, профессор Иброҳим Усмонов, таҷрибаи эълони авф дар арафаи санаҳои муҳими таърихӣ дар тамоми ҷаҳон роиҷ буда, «ман тарафдори онам, ки ҳукумат шахсонеро, ки ба иштибоҳ роҳ дода, ҷинояти вазнин содир накардаанд, бубахшад».

Дар мавриди авфи ҳарифони сиёсии ҳукумати мавҷуда номбурда зикр кард, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз соли 1999 ҳамаи мухолифони худ бо шумули афродеро, ки муқобили Душанбеи расмӣ ҷангида буданд, авф кард ва ҳозир дар зиндонҳо на мухолифони сиёсӣ, балки онҳое адои ҷазо мекунанд, ки ҷиноят содир намуда, гуноҳашон аз ҷониби суд исбот шудааст.

Ба андешаи сиёсатмадори дигари тоҷик, генерал-майори мустаъфӣ Абдулло Ҳабибов, инсондӯстӣ ба президенти мо хос буда, бо назардошти ин омил, «ман аз эҳтимол дур намедонам, ки ӯ бори навбатӣ онҳоеро, ки ҷинояти вазнин содир накардаанду барои ҷамъият хатар эҷод намекунанд ва шоистаи бахшиш ҳастанд, афв мекунад».

Сиёсатшинос Шокирҷон Ҳакимов бар ин назар аст, ки бо назардошти вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар ва таъсири манфии он ба низоми муассисаҳои ислоҳӣ, эълони авф аз нигоҳи хусусиятҳои инсондӯстӣ мувофиқи мақсад аст.

«Лекин ба дахл кардани ин иқдоми башардӯстона ба ҳарифони сиёсӣ шубҳа дорам, – иброз дошт ӯ. – Фикр мекунам, ки нисбати маҳкумшудагони сиёсӣ, бахусус ҳарифони сиёсӣ авф мавриди амал қарор намегирад».

Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ва вакили парлумон Саидҷаъфар Исмонов мегӯяд, авф натанҳо барои коҳиши шумори бошандагони зиндонҳо, балки барои таҷассуми башардӯстӣ, хайрхоҳӣ ва эътимод ба шаҳрвандон, ҳамчунин солимгардонии ҷомеа зарур аст.

«Пеш аз ҳама, авф бояд қишри аз нигоҳи иҷтимоӣ осебпазири ҷомеаро, ки ба қонуншиканиҳои начандон назаррас ва сабук даст задаанд, аз ҷумла ноболиғон, занони ҳомиладор ва занону кӯдакон, маъюбон ва шахсони калонсолро фаро гирад», – гуфт ӯ.

Охири моҳи августи соли гузашта ба муносибати 25-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қонун «Дар бораи авф» қабул шуд, ки тӯли соҳибистиқлолии Тоҷикистон қонуни афви 15-ум ба шумор меравад. Ин қонун нисбати 12 ҳазор нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандагон ва маҳкумшудагон мавриди амал қарор гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.