Муаррифии стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 дар Пекин

Дар қароргоҳи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Пекин бахшида ба муаррифии санади стратегии Тоҷикистон – Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 мизи гирд доир гардид. Бино ба маълумоти сомонаи расмии СҲШ, дар суханронии шодбошии худ Дабири кулли СҲШ Рашид Олимов қайд кард, ки «Тоҷикистони муосир дар ҳоли рушд қарор дошта, қабули санади стратегӣ самти […]

Дар қароргоҳи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Пекин бахшида ба муаррифии санади стратегии Тоҷикистон – Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 мизи гирд доир гардид.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии СҲШ, дар суханронии шодбошии худ Дабири кулли СҲШ Рашид Олимов қайд кард, ки «Тоҷикистони муосир дар ҳоли рушд қарор дошта, қабули санади стратегӣ самти рушди тадриҷии минбаъдаи онро муайян мекунад».

Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода ба ҳозирин маълумот дод, ки барои расидан ба мақсадҳои дар санад зикргардида ҳукумати Тоҷикистон 4 ҳадафи стратегии рушдро муайян кардааст.

«Ин ҳадафҳо иборатанд аз таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самарноки энергия, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транизитӣ табдил додани Тоҷикистон, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва густариши шуғли пурмҳсули аҳолӣ», – иброз доштааст сафир.

Ба қисмати барномаи иборат аз муаррифии лоиҳаҳои амалишаванда дар Тоҷикистон аз ҷониби ширкатҳои Чин, аз ҷумла China Global, TBEA, China Road and Bridge Сonstruction, ширкати роҳи оҳани Чин 19, ширкати чинии азхудкунии кони тиллои Пакрут, Хуавэй ва ғайра таваҷчуҳи хосса зоҳир шуд.

Зимни ҷамъбасти кори мизи гирд сафир Давлатзода зикр кард, ки Тоҷикистон барои рушди минбаъда аз ҳамаи имконот, аз ҷумла сармояи бойи инсонӣ, аҳолии ҷавон, захираҳои бахши кишоварзиву саноати кӯҳкорӣ, захираҳои обӣ ва энергетикӣ, табиати афсункор ва наздикӣ ба бозорҳои бузург дар Шимол, Ҷануб ва Шарқ бархӯрдор буда, барои ҳамкорӣ бо ҳамаи ҳамсокишварҳову шарикон омода аст.

Қобили зикр аст, ки Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аз ҷониби парлумон моҳи декабри соли гузашта қабул шуда буд.

Ҳаҷми умумии ҳамаи воситаҳои пешбинишуда барои 15 соли минбаъда аз рӯи ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба 118 млрд. 133 млн. доллар баробар аст.

Ба сифати сарчашмаҳо ҷиҳати амалисозии Стратегия воситаҳои буҷети давлатии кишвар дар ҳаҷми 56,1 млрд. доллар ва сармоягузориҳои хусусӣ ба маблағи ҳудуди 55 млрд. доллар дар назар дошта шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.