Манъи сарпарастии ҳама гуна барномаҳои иттилоотӣ дар телевизиону радио

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз тағйироту илова ба қонун «Дар бораи реклама»-ро бидуни баррасӣ ва якдилона ҷонибдорӣ намуд, ки мутобиқи он минбаъд дар кишвар сарпарастии барномаҳои иттилоотӣ дар телевизиону радио сарфи назар шакли моликияташон манъ мешавад.

Ба гуфтаи вакил Олим Салимзода, ҳамчунин мувофиқи тағйироту иловаҳои имрӯз қабулшуда минбаъд истеҳсолкунандагони маснӯоти тамоку ва машрубот дар ҷумҳурӣ аз ҳуқуқи ҳама гуна рекламаи маҳсулоти худ маҳрум мешаванд.

Ҳеҷ кадоме аз вакилони овоздода ҳатто таваҷҷуҳе зоҳир накард, ки чунин тағйироту иловаҳо бо кадом мақсад қабул мешаванд. Танҳо як вакил бо шарти ифшо нашудани ному насабаш ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки «бо ин кор ҳукумати Тоҷикистон талош дорад, ки фазои иттилоотии кишваррро аз таъсири нерӯҳои беруна ҳимоя кунад».

Тағйироту иловаҳо ҳамчунин зикри истеҳсолкунандагони маҳсулоти тамоку ва машруботро низ манъ мекунанд, ҳатто агар онҳо дар ин ё он чорабинӣ саҳм гузошта бошанд.

«Пештар зикри маҳсулоти онҳо манъ буд, акнун зикри худи ширкате, ки маҳсулоти тамоку ё машрубот истеҳсол мекунад, низ манъ шуд», – хабар дода буд қаблан ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз парлумон.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...