Ҳалокати 2 ноболиғ зери чархи автомашина дар рӯзи истироҳат

Танҳо тӯли як шабонарӯз – 11 июн дар Тоҷикистон 2 ноболиғ зери чархи автомшина монда, ҳалок шуданд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, марди 27-солаи сокини ноҳияи Панҷ ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Қӯрғонтеппа ба самти ноҳияи Панҷ, дар ҳудуди ноҳияи Ҷ.Балхӣ бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, велосипедрони […]

Asia-Plus

Танҳо тӯли як шабонарӯз – 11 июн дар Тоҷикистон 2 ноболиғ зери чархи автомшина монда, ҳалок шуданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, марди 27-солаи сокини ноҳияи Панҷ ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Қӯрғонтеппа ба самти ноҳияи Панҷ, дар ҳудуди ноҳияи Ҷ.Балхӣ бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, велосипедрони ноболиғ, писарбачаи 8-солаи сокини ноҳияи Ҷайҳунро пахш намудааст, ки дар натиҷа, писарбачаи ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, ҳамин рӯз ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, марди 24-солаи сокини ноҳияи Файзобод ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Таҳти-Алиф ба самти шаҳри Роғун духтарчаи 7-солаи сокини ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзободро пахш намудааст, ки дар натиҷа, духтарчаи хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Бино ба маълумоти Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон, давоми се моҳи соли равон бар асари ҳодисаҳои садамаи нақлиёт дар роҳҳои кишвар 107 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҷони худро аз даст додаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.