Ҳавопаймои «Turkmenistan Airlines» ба Душанбе фуруд омад

Ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии миллии Туркманистон – «Turkmenistan Airlines»  имрӯз ба шаҳри Душанбе фуруд омад. Парвози озмоишӣ бо хатсайри Ашқобод – Душанбе – Ашқобод беш аз 100 нафар мусофирон – намояндагони як қатор вазорату идораҳо, иттиҳодияҳои саноатчиён ва соҳибкорони Туркманистонро ба Душанбе овард. Тавре хабаргузории давлатии ТДХ иттилоъ медиҳад, имрӯз дар Душанбе намояндагони хатсайрҳои ҳавоии Туркманистон […]

Asia-Plus

Ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии миллии Туркманистон – «Turkmenistan Airlines»  имрӯз ба шаҳри Душанбе фуруд омад. Парвози озмоишӣ бо хатсайри Ашқобод – Душанбе – Ашқобод беш аз 100 нафар мусофирон – намояндагони як қатор вазорату идораҳо, иттиҳодияҳои саноатчиён ва соҳибкорони Туркманистонро ба Душанбе овард.

Тавре хабаргузории давлатии ТДХ иттилоъ медиҳад, имрӯз дар Душанбе намояндагони хатсайрҳои ҳавоии Туркманистон ва ҶСК «Ширкати ҳавопаймоии Туркманистон» бо ҳамтоҳои тоҷики худ масъалаҳои роҳандозии хатсайри мунтазами ҳавоӣ миёни Ашқобод ва Душанберо баррасӣ мекунанд.

Гуфтушунидҳо дар чаҳорчӯби ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Туркманистон баргузор мешаванд, ки дар он ҳамчунин ба масолии таҳкими ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни кишварҳо таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад шуд.

Ҳамчунин дар назар аст, ки ҳамин рӯз «Боинг»-и мутааллиқ ба ширкати ҳавопаймоии «Turkmenistan Airlines» бо ҳайати ҳунармандону эҷодкорони Тоҷикистон бозпас ба Ашқобод бармегардад. Ҳайати Тоҷикистон дар Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон ширкат хоҳад варзид, ки аз 12 то 15 июн дар Ашқобод ва дигар шаҳрҳои ин кишвар доир мегардад.

Ширкати ҳавопаймоии «Turkmenistan Airlines» соли 1992 таъсис ёфта, ба 16 шаҳрҳои ҷаҳон – – Анқара, Амритсар, Алмаато, Бангкок, Бирмингем, Деҳлӣ, Дубай, Қазон, Лондон, Минск, Москва, Пекин, Париж, Санкт-Петербург, Истамбул ва Франкфурти назди Майн мунтазам парвозҳо анҷом медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.