Барои Вазорати тандурустӣ таҷҳизоти ангиографӣ меоранд. Бидуни пардохти андоз

Ҳукумати Тоҷикистон тағйироту иловаҳоро ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2017» таҳия ва ба баррасии палатаи поёнии парлумон ирсол намуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ дод, мутобиқи тағйироту иловаи пешниҳодшуда воридоти 1 таҷҳизоти универсалии ангиографӣ барои эҳтиёҷоти Вазорати тандурустии кишвар аз пардохти андоз ба арзиши иловашуда ва боҷи […]

Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон тағйироту иловаҳоро ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2017» таҳия ва ба баррасии палатаи поёнии парлумон ирсол намуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ дод, мутобиқи тағйироту иловаи пешниҳодшуда воридоти 1 таҷҳизоти универсалии ангиографӣ барои эҳтиёҷоти Вазорати тандурустии кишвар аз пардохти андоз ба арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.

Дастрасии маълумот доир ба навъу модели таҷҳизот ва аз чӣ миқдор маблағ маҳрум шудани буҷети давлатӣ барои пардохт нашудани андозу боҷ муяссар нагардид.

Қобили зикр аст, ки таҷҳизоти ангиографӣ барои муоинаву ташхиси рагҳои хунгард, ошкор кардани осеби онҳо, масофаи зиёни рагҳо ва гирифтани сурат (рентген)-и ҷойҳои осебдида истифода мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.