Бунёди маҷмааи ёдгории се насли сарбозони шӯравӣ дар Тоҷикистон

Asia-Plus

Хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия ба хотири ёдбуди се насли сарбозону афсарони шӯравӣ дар Тоҷикистон маҷмааи ёдгорӣ бунёд мекунанд.

Хабаргузории ТАСС дар ин робита менависад,  айни замон барои насби маҷмаа ҷой интихоб шуда, ангора (эскиз)-и он мавриди таҳия қарор дорад.

Маҷмаа ба хотири ёдбуди сарбозони ҳалокшуда дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва амалиёти низомӣ дар Афғонистон сохта мешавад.

Бино ба маълумоти Ҳавзаи ҳарбии марказӣ, низомиёни рус аллакай лавҳаи ёдгории кормандони амният дар дараи Қаратоғро, ки дар ҷанги солҳои 1922-1926 барои роҳандозии ҳокимияти шӯравӣ ҷони худро аз даст дода буданд, таъмиру навсозӣ кардаанд.

«Корҳои таъмиру азнавсозии лавҳа ва ободонии гирду атрофи он аз ҳисоби маблағҳои шуъбаи Хадамоти федералии амнияти пойгоҳи низомӣ дар ҳамдастӣ бо ҳамтоҳои тоҷик, ҳокимияти маҳаллӣ, ҷанговарони интернатсиналист ва гурӯҳи «Ёдбуд-201» (Память-201) ба иҷро расонида шуд», – қайд мешавад дар маълумоти хадамоти матбуот.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.