Имзои қарордодҳо бо Ӯзбекистон ба маблағи 2,5 млн. доллар дар ярмаркаи «Суғд-2017»

Дар ҳошияи кори ярмаркаи «Суғд-2017» дар Хуҷанд миёни соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон 73 санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ дар ин робита изҳор намуд, ки аз рӯи натиҷаҳои кори ин ҳамоиши иқтисодӣ дар маҷмӯъ ҳудуди 100 қарордод баста шудааст. Ба гуфтаи ӯ, бо соҳибкрони ӯзбек тақрибан ба маблағи умумии 2,5 млн. […]

Баҳром Файзуллоев, Asia-Plus

Дар ҳошияи кори ярмаркаи «Суғд-2017» дар Хуҷанд миёни соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон 73 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ дар ин робита изҳор намуд, ки аз рӯи натиҷаҳои кори ин ҳамоиши иқтисодӣ дар маҷмӯъ ҳудуди 100 қарордод баста шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, бо соҳибкрони ӯзбек тақрибан ба маблағи умумии 2,5 млн. доллар лоиҳаҳо ба имзо расидааст, ки дар фурсати наздик амалӣ хоҳанд шуд.

Дар робита ба ифтитоҳи Хонаи савдои Ӯзбекистон, Анвар Яъқубӣ зикр кард, ки дар ин бора созиш ҳосил шуда, онҳо корхонаро ба қайд гирифтаанд.

Масъули бахши иқтисодии ҳукумати вилояти Суғд ба намояндагони ВАО иттилоъ дод, ки моҳи сентябр дар шаҳри Тошканд баргузории намоиши милии Тоҷикистон дар назар буда, соҳибкорони Суғд низ дар он иштирок мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.