Рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон 6 нафар ғарқ шуданд

Рӯзҳои истироҳати сипаригашта дар наҳру дарё ва кӯлу обанборҳои кишвар 6 нафар шаҳрвандони кишвар ба ҳалокат расиданд. Бино ба маълумоти датари матбуоти ВКД Тоҷикистон, 17.06.с.2017, тахминан соати 15:35-дақиқа, зани 48-солаи сокини ноҳияи Данғара бо духтари 15-солааш ҳангоми оббозӣ дар канали обгузари деҳаашон, аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд. 18-уми июни соли 2017, тахминан соати […]

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Рӯзҳои истироҳати сипаригашта дар наҳру дарё ва кӯлу обанборҳои кишвар 6 нафар шаҳрвандони кишвар ба ҳалокат расиданд.

Бино ба маълумоти датари матбуоти ВКД Тоҷикистон, 17.06.с.2017, тахминан соати 15:35-дақиқа, зани 48-солаи сокини ноҳияи Данғара бо духтари 15-солааш ҳангоми оббозӣ дар канали обгузари деҳаашон, аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд.

18-уми июни соли 2017, тахминан соати 14:00-дақиқа, марди 56-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ҳангоми оббозӣ карданаш дар дарёи “Кофарниҳон”, дар наздикии бозори “Хайр” аз беэҳтиётии худ ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.

Дар ин рӯз тахминан соати 15:55-дақиқа, марди 26-солаи сокини шаҳри Қурғонтеппа, ҳангоми оббозӣ дар дарёи “Сир” дар рӯ ба рӯи варзишгоҳи “Лочин”-и шаҳри Хуҷанд аз беэҳтиётиаш ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.

Дар ноҳияи А.Ҷомӣ, низ чунин ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шудааст. Тахминан соати 12:30-дақиқа, писарбачаи 4-солаи сокини ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи А.Ҷомӣ аз беназоратии волидонаш дар канали обгузари назди ҳавлии истиқоматиашон афтида, ба ҳалокат расидааст.

18-уми июн, тахминан соати 15:00-дақиқа, писарбачаи 4-солаи ҷамоати деҳоти Маҷнуни ноҳияи Деваштич аз беэҳтиётии волидонаш ба ҳавзи назди ҳавлии истиқоматиашон афтида, ғарқ шудааст.

ВКД аз тамоми шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки зимни оббозӣ дар кӯлу дарёҳо эҳтиёт бошанд ва фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.