Президенти Ӯзбекистон никоҳи занони дуюмро манъ кард

Раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷаласаи видеоияш бо ширкати хатибон ва кормандони умури дин рӯзи 15 июн гуфт, муллоҳое, ки занони дувумро никоҳ мекунанд, ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, навори ин паёми ӯ дар шабакаи Ютюб баҳсҳои зиёдеро ба бор овард. Он ҳамчунин ба яке аз пурбинандатарин […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷаласаи видеоияш бо ширкати хатибон ва кормандони умури дин рӯзи 15 июн гуфт, муллоҳое, ки занони дувумро никоҳ мекунанд, ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, навори ин паёми ӯ дар шабакаи Ютюб баҳсҳои зиёдеро ба бор овард. Он ҳамчунин ба яке аз пурбинандатарин видеоҳои бахши ӯзбекии радиои Би-би-сӣ табдил ёфтааст.

«Вақтҳои охир ҳодисаҳои дузанагӣ бо роҳи никоҳи мусалмонӣ хеле зиёд шудааст. Бештар аз ҳама ин падида дар Тошканд ба мушоҳида мерасад. Ояндаи кӯдаконе, ки занони дувум ба гунаи ғайриқонунӣ ба дунё меоранд, чӣ мешавад? Имомҳои муҳтарам, мушкилоти ин кӯдакон доғи виҷдони мо хоҳад шуд”, – изҳор дошт Мирзиёев.

Президенти Ӯзбекистон ҳамчунин зикр намуд, қонунгузории нав барои муллоҳое, ки бе шаҳодатномаи издивоҷ хутбаи никоҳ мехонанд, ҷазо пешбинӣ хоҳад кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.