Имтиёзи «Сомон Эйр» барои сафарҳои футболбозони тоҷик

Asia-Plus

Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) рӯзи 19 июн бо ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расонид, ки мутобиқи он барои сафарҳои футболбозони тоҷик имтиёзҳо ҷорӣ гардиданд.

«Шарики ФФТ шудан барои мо ифтихор буда, ширкати мо барои харидории билетҳои ҳавопаймоӣ ба Федератсия, аз ҷумла билетҳо барои мунтахабҳои футболи Тоҷикистон имтиёзҳо медиҳад», – гуфтааст директори тиҷорати ширкат Абдулқосим Валиев.

Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки ширкати «Сомон Эйр» мудом ба варзишгарони тоҷик ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои байнулмилалӣ кумак мекунад. Шартнома бо ФФТ бемуҳлат ба имзо расида, ҳар сол бозбинӣ мешавад.

Дар навбати худ ноиби президенти ФФТ Дилшод Ҷӯраев изҳор намудааст, ки барои мухлисони хоҳишманди дастгирии мунтахаби футболи Тоҷикистон дар хориҷи кишвар роҳандозии хатсайри ҷудогона (чартерӣ) ташкил карданианд.

Ҳамчунин Дилшод Ҷӯраев доир ба имкони хуби ташкили сафари кӯдакон ба мусобиқаҳои байнулмилалӣ ба туфайли имзои ин шартнома ва нақшаҳои роҳандозии хатсайрҳои чартерӣ барои дастаҳои мунтахаби футболи кишвар маълумот дода, қайд кардааст, ки ин масъала мавриди гуфтушунид ва ҳаллу фасл қарор дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.