Маҳви 2 қочоқчӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Asia-Plus

Шаби гузашта дар марзи Тоҷикистону Афғонистон аз кӯшиши убури ғайриқонунии марз ва интиқоли маводи мухаддир пешгирӣ шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон,  ҳангоми гузаронидани амалиёт дар яке аз минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ», гурӯҳи мусаллаҳи қочоқчиёни номаълуми афғон дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ бо сарҳадбонони тоҷик рӯ ба рӯ шуда, ба амри сарҳадбонони тоҷик итоат намекунанд ва  байни сарҳадбонон ва қочоқбарони мусаллаҳи афғон задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ омадааст.

«Сарҳадбонони тоҷик аз худ чусту чолокӣ ва муқовимати шадид нишон дода, дар натиҷа ду нафар аз қочоқчиён безарар гардонида шуданд ва боқимонда аз торикии шаб истифода бурда, ба тарафи Афғонистон фирор намуданд», – омадааст дарм аълумоти Сарраёсат.

Гуфта мешавад, зимни азназаргузаронии ҷои ҳодиса 2 ҷасади қочоқбар, 21 кг маводи мухаддири навъи “ҳашиш”, 2 адад яроқи оташфишони АКМ бо 10 адад тирдону 235 дона тири 7,62 ва 2 адад норинҷак бозёфт ва мусодира карда шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки айни ҳол нисбати ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.