IRS плазаҳои нави толлингиро ба истифода медиҳад

Asia-Plus

Раҳбарияти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Тоҷикистон дар бораи мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани низоми нави толлингӣ дар роҳи мошингарди Душане – Чанок маълумот медиҳад. Дар ҷойи плазаҳои айни замон амалкунанда плазаҳои нави толлингии нав ва муосир ба истифода дода мешаванд, ки дорои як қатор афзалиятҳо мебошанд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ширкат, дар заминаи ин иқдом теъдоди плазаҳои филиали Ширкат, ки айни замон 7-то аст, коҳиш ёфта, ба 6-то мерасад, яъне, плазаи воқеъ дар Майхура аз байн бардошта мешавад. Сониян, ба ҷои 4 хати ҳаракат 8 хати ҳаракат фаъол гашта, имкон медиҳад, ки масоҳати ҳудуди плазаҳо хеле васеъ шавад.

Гуфта мешавад, дар радифи дигар плазаҳо, ки дар онҳо корҳои сохтмонӣбосуръат ҷараён доранд, дар плазаи толлингии Шаҳристон, воқеъ дар километри 180-уми роҳи Душанбе – Чанок  низ сатҳу сифати корҳо мувофиқи матлаб аст. То имрӯз қисмати аъзами корҳои сохтмонӣдар ин иншоот ба сомон расида, мавриди истифода қарор гирифтани он анқариб аст.

Ҳамрадиф бо ин, пардохти ғайринақдӣгустариш ёфта, истифодаи кортҳои пардохтӣхеле қулай мешавад. Барои мисол, ронанда метавонад кортҳои нави пардохтиро ба шишаи пеши автомобил насб намуда, бидуни таваққуф плазаро убур намояд. Дар ин фосила таҷҳизоти замонавие, ки дар плазаҳои нав насб мешаванд, автомобилро ба қайд гирифта, аз корти пардохтии мутаалиқ ба соҳиби он маблағи пешбинишударо мегиранд.

Зикр мегардад, ки татбиқи лоиҳаи мазкур дар баробари  барои “IRS” муфид  будан, барои рушди низоми толлингӣ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Дар заминаи татбиқи лоиҳаи мазкур навгонӣва беҳбудиҳо дар самти идоракунии ҳаракати нақлиёт ва таъмини бехатарии ронандагону мусофиронро рӯйи кор хоҳанд омад.

Таъкид мешавад, ки масъалаи мазкур яке аз мақсадҳои асосии “IRS”  вобаста ба иҷрои рисолаташ дар робита ба нигоҳдории  роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак маҳсуб меёбад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.