Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Рӯзҳои 22-23 июн дар меҳмонхонаи «Серена»-и пойтахт Форуми дуюми Осиёи Марказӣ оид ба идоракунии интернет (CAIGF-2017) доир мегардад, ки дар он масоили амнияти кибернетикӣ ва озодии танзими инетнет, рушди DNS-индустрия ва тавсеъаи дастрасӣ ба интернет, ҳамчунин тарзу усулҳои глобалӣ ва миллии идоракунии Шабака баррасӣ мешаванд; 

– Донишгоҳи федералии шимолӣ (Арктикӣ)-и ба номи М.В.Ломоносов (ш.Архангелск) довталабонро ба маросими муаррифӣ ва тестгузаронии аайёр аз 20 то 23 июни соли 2017 даъват мекунад. . Макони баргузории тест: ш.Душанбе, кӯч. Мирзо Турсунзода, 28 (Маркази илму фарҳанги Русия).

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8162 сомонӣ;

1 евро – 9.8283 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1452 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1941 – Оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945).

1931 – Дар Хуҷанд осорхонаи таъриху кишваршиносӣ боз шуд.

1958 – Дар Сталинобод чойхонаи «Роҳат» кушода шуд.

1962 – Анҷумани VI-уми меъморони Тоҷикистон ба кор шурӯъ намуд.

2001 – Таҳти номии рамзии «Молния» амалиёти нобудсозии гурӯҳҳои ҷиноятпешаи Р.Сангинов ва М.Муаккалов оғоз гардид.

2003 – Дар Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Конститутсияи ҷумҳурӣ раъйпурсӣ доир гардид. Ҳудуди 93%-и раъйдиҳандагон тағийроту илова ба Қонуни асосиро, ки муҳлати президентиро дароз карданд, маъқул шумориданд.

1931 – Зодрӯзи сароянда, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Лайло Шарифова.

1936 – Мавлуди арбоби давлатӣ Иззатулло Ҳаёев (раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон).

1945 – Зодрӯзи коргардони кино Елизавета Кимёгарова.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +36+41; дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +23+28.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +21+26, рӯзона +38+43; дар доманакӯҳҳо шабона +17+22, рӯзона +31+36.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +12+17, рӯзона +27+32; дар шарқ шабона 0+5, рӯзона +12+17.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +36+41; дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +28+33. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +38+40.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +22+24, рӯзона +39+41.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +39+41.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +29+31.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.