Пешниҳоди коғазҳои қиматнок ба муомилоти байнулмилалӣ барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 21-уми июн лоиҳаи қарори ҳукумат дар бораи ба муомилоти байналмилалӣ пешниҳод намудани коғазҳои қиматнокро ба тасвиб расонд. Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», Ҷамшед Нурмуҳаммадиён, муовини вазири молияи Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа гуфтааст, ҳадаф ва моҳияти қарори мазкур ҷалби маблағҳо барои сохтмони иншооти стратегии кишвар мебошад. Ба гуфтаи ӯ дар марҳилаи аввал […]

Хабаргузории "Озодагон"

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 21-уми июн лоиҳаи қарори ҳукумат дар бораи ба муомилоти байналмилалӣ пешниҳод намудани коғазҳои қиматнокро ба тасвиб расонд.

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», Ҷамшед Нурмуҳаммадиён, муовини вазири молияи Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа гуфтааст, ҳадаф ва моҳияти қарори мазкур ҷалби маблағҳо барои сохтмони иншооти стратегии кишвар мебошад.

Ба гуфтаи ӯ дар марҳилаи аввал пешниҳоди коғазҳои қиматнок ба маблағи 500 миллион доллар ва дар маҷмуъ 1 миллиард доллари амрикоӣ дар назар аст. Ноиби вазири молия иброз доштааст, ки ин нахустин таҷрибаи Тоҷикистон барои ба бозори байналмилалӣ баровардани коғазҳои қиматнок мебошад ва корҳо дар ин самт идома доранд.

Шариф Раҳимзода, вакили парлумони Тоҷикистон таъкид намудаас, ки ҳадаф аз пешниҳоди коғазҳои қиматнок ба бозори байналмилалӣ ҷалби маблағҳо ба сохтмони “Роғун” мебошад.

Ба суоли Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, ки оё ин иқдом ягон “риск” (хавф) дорад, Раҳимзода гуфтааст, бале ва “риск” дар афзоиши қарзҳои Тоҷикистон мебошад. Дар мавриди ҷанбаи мусбати иқдоми мазкур Раҳимзода гуфтааст, бо ҷалби маблағҳо истеҳсоли нерӯ зиёд мешавад ва имкони содироти он фароҳам мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

То +45°C ва баъзан борон меборад: ҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон

Дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон моҳи июн гарму хушк омада, аммо дар баъзе рӯзҳо борону раъду барқ дар назар аст.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.