Рейтинги пасттарини Трамп давоми 5 моҳи президентӣ

Фаъолияти президенти ИМА Доналд Трампро 36 фоизи аҳолии ин кишвар маъқул мешуморанд. Радиои Озодӣ дар ин робита менависад,тибқи натиҷаҳои назасанҷии ахири шабакаи телевизионии CBS News, рейтинги ҷонибдории фаъолияти Трамп ба сатҳи пасттарин давоми 5 моҳи фаъолияти ӯ расидааст. Матбуоти амрикоӣ дар ин робита қайд мекунад, ки ба рейтинги Трамп вокуниши ӯ ба тафтишоти сершумор оид […]

Фаъолияти президенти ИМА Доналд Трампро 36 фоизи аҳолии ин кишвар маъқул мешуморанд.

Радиои Озодӣ дар ин робита менависад,тибқи натиҷаҳои назасанҷии ахири шабакаи телевизионии CBS News, рейтинги ҷонибдории фаъолияти Трамп ба сатҳи пасттарин давоми 5 моҳи фаъолияти ӯ расидааст.

Матбуоти амрикоӣ дар ин робита қайд мекунад, ки ба рейтинги Трамп вокуниши ӯ ба тафтишоти сершумор оид ба дахолати Русия ба интихоботи соли гузашта президентӣ, ки ӯ онро «шикори ҷоду» ва талоши худсафедкунии демократҳо барои бохти ногаҳонии Ҳиллари Клинтон номида буд, таъсири манфӣ расонидааст.

Айни замон аз рӯи дахолати Русия ба интихобот дар Конгресс як қатор тафтишот ва ҳамчунин таҳти роҳбарии прокурори махсус Роберт Мюллер тафтишоти дигар ҷараён дорад. Роберт Мюллер қаблан Бюрои федералии тафтишотро роҳбарӣ мекард.

Аксари амрикоиҳо (56 фоиз) бар ин назаранд, ки тафтишоти Мюллер беғаразона сурат гирифта, Трамп барои қатъи он набояд талош варзад.

Назарпурсии шабакаи телевизион ҳамчунин нишон додааст, ки Трамп миёни ҷумҳурихоҳон ҳам дастгириро аз даст медиҳад.

Бино ба маълумоти Голос Америки, айни замон 72 фоизи ҷумҳурихоҳон аз фаъолияти Трамп ҷонибдорӣ менамоянд, ки нисбат ба моҳи апрел 11 фоиз камтар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.