Танзими идҳои мусалмонӣ дар Тоҷикистонро кӣ тавсия медиҳад?

Asia-Plus

Дар остонаи фарорасии Иди Рамазон сокинони Тоҷикистонро гуфтугузорҳо дар бораи нияти аз ҷониби ҳукумат ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо дар ин ид ташвиш медиҳанд.

Ҳарчанд дар Кумитаи дин мегӯянд, ки ин танҳо як тавсия буда, баро роҳ надодан ба исрофкорӣ нигаронида шудааст, вале таҷриба гувоҳи он аст, ки бисёр вақт тавсияҳо тадриҷан ба манъи ғайрирасмӣ ва баъдан расмӣ мубаддал мегарданд.

Кумитаи дин исрор меварзад, ки доир ба оростани дастурхону идгардаки кӯдакон ҳеҷ маҳдудияте ҷорӣ нашуда, танҳо тавсия дода шудааст, ки ба зиёдаравӣ роҳ надода, кӯдакон бештар зери назорат қарор дошта бошанд.

Лекин нигарониҳо аз он бештар мешаванд, ки доир ба зарурати танзими идҳои мусулмонӣ худи шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар барномаи «Микрофони озод» изҳори назар карда, ҷонибдорони пешниҳоди «танзим» рӯз то рӯз зиёд мешавад.

Дар Кумитаи дин ҳадаф аз барномаи мазкурро огаҳӣ аз пешниҳоду тавсияҳои мардум дар мавриди ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимяҳои миллӣ дар ҶТ» унвон карданд.

«Ин як навъ баррасии ҷамъиятӣ буда, ҳар нафар дар ҷойҳои ҷамъиятӣ назди микрофонҳо омада, пешниҳоду тавсияи худро доир ба ин масъала баён карда метавонад, – гуфт сухангӯи Кумитаи дин Афшин Муқим. – Барнома ҳамарӯза дар ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизион намоиш дода мешавад».

Доир ба сабабҳои роҳандозии ин барнома, кай ва аз ҷониби кӣ то ба президент расонидани пешниҳоду тавсияҳои мардум ва дигар масоили марбут ба ин масъала аз маводи дар газетаи «Азия-Плюс» чопшуда, ки аллакай дар фурӯш аст, маълумоти муфассал дарёфт карда метавонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.