Ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар парвариши чорвои хушзот

Зимни мулоқоти вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Изззатулло Саторӣ бо сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Нурлан Сейтимов масоили ҳамкорӣ дар соҳаи кишвоарзӣ ва ҳамчунин тасдиқи Оинномаи Созмони исломии амнияти озуқавии Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) баррасӣ шуданд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Қазоқистон дар Душанбе иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот доир ба роҳандозии ҳамкории пурсамари дуҷониба дар бахши […]

Зимни мулоқоти вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Изззатулло Саторӣ бо сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Нурлан Сейтимов масоили ҳамкорӣ дар соҳаи кишвоарзӣ ва ҳамчунин тасдиқи Оинномаи Созмони исломии амнияти озуқавии Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) баррасӣ шуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Қазоқистон дар Душанбе иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот доир ба роҳандозии ҳамкории пурсамари дуҷониба дар бахши кишоварзӣ, густариши ҳаҷми интиқоли дуҷонибаи маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ изҳори назар шуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои тухмикорӣ ва парвариши чорвои хушзот, аз ҷумла аз Қазоқистон ба Тоҷикистон интиқол додани тухмии хушсифати картошка, маводи генетикӣ ва ҳайвоноти зотии сермаҳсули қазоқӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Дар баробари ин зикр гардид, ки таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯрокворӣ ва таъмини амнияти ғизойӣ яке аз вазифаҳои афзалиятноки ҳарду кишвар ба шумор мераванд.

Нурлан Сейтимов изҳори умед кард, ки Тоҷикистон ояндаи наздик Оинномаи Созмони исломии амнияти озуқавии Созмони ҳамкории исломиро тасдиқ мекунад. Ин Оинномаро Тоҷикистон 28 апрели соли 2016 дар доираи кори иҷлосияи таъсисотии Ассамблеяи генералии Созмон ба имзо расонида буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.