Президент бори дигар ба худдорӣ аз исрофкорӣ дар Иди Рамазон даъват кард

Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Дар маҷлиси навбатии ҳукумати Тоҷикистон, ки имрӯз доир гардид, президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои мамлакатро вазифадор намуд, ки барои ташкили хуби истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018, таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ ва маводи сӯзишворӣ, риояи қатъии қоидаҳои зиддисӯхтор чораҳои мушаххас андешанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон бори дигар дар арафаи Иди саиди Фитр ба кулли шахсони эҳтиёҷманд додани фитри рӯзаро ёдрас намуда, супориш дод, ки ба хотири мусоидати бештар баҳри беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ мардум бояд дар вақти оростани дастархони идона ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд.

Дар кори маҷлис т масъалаи кадрҳо баррасӣ шуда, аъзои нави ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ ва Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати ҶТ тасдиқ гардид.

Ҳисоботи раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ  “Дар бораи Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар ҶТ барои солҳои 2014-2017” шунида шуд.

Таъкид гардид, ки барномаи мазкур бо мақсади баланд бардоштани сифат ва самаранокии фаъолияти мақомоти идоракунии давлатӣ тавассути ташкил намудани системаҳои иттилоотӣ ва таъмини рушди он, аз ҷумла ташкили мубодилаи байниидоравии иттилоот дар мақомоти давлатӣ қабул карда шудааст.

Дар бораи Нақшаи генералии шаҳраки Зафарободи ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд раиси ноҳияи Зафаробод гузориш дод. Зикр карда шуд, ки дар нақшаи генералии мазкур рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳраки Зафаробод бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ то соли 2035 барои 90 ҳазор нафар таҳия шудааст.

Аъзои ҳукумат лоиҳаи як қатор қонунҳо, аз ҷумла қонун “Дар бораи вазъи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ҶТ”, “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон”, “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни ҶТ “Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он” – ро маъқул дониста, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ирсол намуданд.

Барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ҳамчунин пешниҳоди 5 хулосаи Ҳукумати ҶТ, аз ҷумла Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати ҶТ ба лоиҳаи Қонуни ҶТн “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании ҶТ” ирсол карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...