Боздошти зане, ки бо заҳролудкунии хӯрок ба одамкушӣ машғул буд

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зани 37-солаи деҳаи Турдишоҳи ноҳияи Панҷро ба гумони даст доштан дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, номбурда аз рӯзҳои аввали оиладоршавиаш бо шавҳараш марди 43-солаи сокини деҳаи Пахтакори ноҳияи Панҷ ва наздикони шавҳараш хусумат пайдо кардааст. Рӯзи 29-уми июни соли 2014 зани номбурда […]

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зани 37-солаи деҳаи Турдишоҳи ноҳияи Панҷро ба гумони даст доштан дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, номбурда аз рӯзҳои аввали оиладоршавиаш бо шавҳараш марди 43-солаи сокини деҳаи Пахтакори ноҳияи Панҷ ва наздикони шавҳараш хусумат пайдо кардааст.

Рӯзи 29-уми июни соли 2014 зани номбурда нисфирӯзӣ барои аҳли оилаашон, ки дар саҳро машғули кор будаанд, қурутоб тайёр намуда, ба он доруи ҳашароти зараррасон ҳамроҳ кардааст.

Баъди истеъмоли қурутоб бародари шавҳараш марди 39-сола, ҳамсари ӯ зани 34-сола, фарзандонашон духтарчаҳои 9-сола, 6-сола, 4-сола, ҷиянҳояш ҷавони 19-солаи сокини ш.Душанбе, марди 38-солаи сокини деҳаи Сафедорон ва марди 36-солаи сокини шаҳраки Панҷ заҳролуд  ва дар беморхонаи марказии н.Панҷ бистарӣ гардида, бародари шавҳараш марди 39-сола дар беморхонаи мазкур ба ҳалокат расидааст.

Баъдан, зани гумонбаршуда кирдори ҷинояткоронаи худро давом дода, рӯзи 7-уми сентябри соли 2014 ба хамири нон доруи ҳашароти зараррасонро ҳамроҳ кардааст. Баъди истеъмоли нон ҳамсари бародари шавҳараш зани 34-сола бо фарзандонаш ва хоҳари шавҳараш зани 26-сола заҳролуд шуда, дар беморхонаи марказии н.Панҷ бистарӣ гардида, хурдсол – духтарчаи 4-сола дар беморхонаи мазкур ба ҳалокат расидааст.

Худи ҳамон рӯз гумонбаршуда барои маъракаи дафни 3-рӯзагии тағои шавҳараш 20-адад кулча пухта, ба он доруи ҳашароти зараррасонро ҳамроҳ кардааст.

Аз истеъмоли кулчаҳо шахсони дар он ҷо ҳузур дошта: зани 38-сола, ҷавондухтари 21-сола, зани 52-сола, ҷавондухтари 23-сола, зани 54-сола, зани 55-сола ва писарбачаи 7-сола заҳролуд шуда, дар беморхонаи ш.Қурғонтеппа бистарӣ гардидаанд.

Нисбати зани гумонбаршуда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 32 қисми 3, 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.