Парвози чархбол аз Душанбе ба Хоруғ. Вале ин хатсайри мунтазам нест

Чархболи Ми-8-и ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» субҳи имрӯз бо беш аз 20 нафар мусофирон аз фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хоруғ роҳ пеш гирифт. Котиби матбуотии ҶСК «Тоҷик Эйр» Азиз Хайруллоев ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки муддати ду моҳ мусофирон бо дархости иҷрои ин парвоз ба онҳо муроҷиат намуда, миёни онҳо хешовандони бемори вазнини […]

Чархболи Ми-8-и ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» субҳи имрӯз бо беш аз 20 нафар мусофирон аз фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хоруғ роҳ пеш гирифт.

Котиби матбуотии ҶСК «Тоҷик Эйр» Азиз Хайруллоев ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки муддати ду моҳ мусофирон бо дархости иҷрои ин парвоз ба онҳо муроҷиат намуда, миёни онҳо хешовандони бемори вазнини интиқолаш ба дигар восита ғайриимкон низ ҳузур доштанд.

«Онҳо дархост намуданд, ки ҳадди ақал як парвоз ба ин самт сурат гирад ва мо хоҳиши онҳоро ба инобат гирифта, ин парвозро анҷом додем», – иброз дошт ӯ.

Қобили зикр аст, ки айни замон сафар ба шаҳри Хоруғ танҳо бо нақлиёти автомобилӣ имконпазир буда, роҳ ба ин самт дар қаламрави ВМКБ ҳанӯз замони Иттиҳоди Шӯравӣ, солҳои 80-уми асри гузашта асфалтпӯш шудааст.

Ба гуфтаи Азиз Хайруллоев, то ҳаллу фасли масъалаи дастрас кардани қисмҳои эҳтиётии зарурӣ барои 2 ҳавопаймои Ан-28, ки парвозҳо ба ин самт тариқи онҳо сурат мегирифтанд, ин хатсайр мунтазам амал нахоҳад кард, зеро ин ҳавопаймоҳо то ҳол корношояманд. Дигар навъи ҳавопаймоҳои ширкат бинобар сабаби релйефи баландкӯҳ, ба ин самт парвоз карда наметавонанд.

«Имрӯз чархболи Ми-8 бо зиёда аз 20 нафар мусофирон ба Хоруғ парвоз кард, лекин бо якчанд сабаб роҳандозии парвозҳои мунтазам бо истифодаи чархбол ғайриимкон аст, – қайд кард номбурда. – Яке аз ин сабабҳо зиёд ба обуҳаво вобаста будани парвози чархбол мебошад ва танҳо дар шароити обуҳавои мусоид парвоз ба Хоруғ имконпазир мегардад».

Директори генералии «Тоҷик Эйр» Хайрулло Раҳимов қаблан дар мавриди парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсайри Душанбе – Хоруғ изҳор намуда буд, ки агар фармоиш бошад, ширкат имкон дорад, ки парвоз ба ин самтро таъмин кунад.

«Мо варианти эҳтиётӣ дорем, ки он чархболи Ми-8 буда, ин чархбол ҷиҳати парвоз ба ҳама гуна самтҳо муддати 24 соат дар як шабонарӯз омода аст», – гуфта буд ӯ.

Номбурда зикр карда буд, ки бо чархболи Ми-8 метавон 22 нафар мусофиронро ба нуқтаи таъинот расонид, ки шуморашон аз ҳавопаймои АН-28  зиёдтар мебошад.

Ширкати миллии ҳавопаймоии ҷумҳурӣ парвозҳо ба шаҳри Хоруғро аз аввали моҳи октябри соли гузашта қатъ карда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.