Аз Қатар қатъи равобити дипломатӣ бо Эрон тақозо шуд

Ба ҳукуматдорони Қатар аз кишварҳои арабӣ тариқи Кувайт рӯйхати шартҳо барои барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ дастрас шуд. Бино ба маълумоти Ассошиэйтед Пресс, Арабистони Саудӣ, Миср, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Баҳрайн аз Қатар тақозо кардаанд, ки муносибатҳои дипломатиаш бо Эронро қатъ намуда, пойгоҳи низомии Туркияро бандад ва ба фаъолияти шабакаи телевизионии «Ал-Ҷазира» хотима бахшад. Хабаргузорӣ ҳамчунин […]

Ба ҳукуматдорони Қатар аз кишварҳои арабӣ тариқи Кувайт рӯйхати шартҳо барои барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ дастрас шуд.

Бино ба маълумоти Ассошиэйтед Пресс, Арабистони Саудӣ, Миср, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Баҳрайн аз Қатар тақозо кардаанд, ки муносибатҳои дипломатиаш бо Эронро қатъ намуда, пойгоҳи низомии Туркияро бандад ва ба фаъолияти шабакаи телевизионии «Ал-Ҷазира» хотима бахшад.

Хабаргузорӣ ҳамчунин менависад, таҳиягарони рӯйхат исрор варзидаанд, ки ҷараёни ба шаҳрвандӣ пазируфтани сокинони кишварҳояшон боздошта шуда, шаҳрвнадони дар Қатар қарордошта баргардонида шаванд.

Тибқи маълумоти ВАО, кишварҳои арабӣ аз Доҳа талаб кардаанд, ки ҳамаи шахсоне, ки онҳо ба иттиҳоми терроризм ҷустуҷӯ доранд, истирдод шаванд.

Ғайр аз ин, Қатар бояд ҷубронпулӣ пардохт намояд, ки ҳаҷми он зикр нашудааст. Барои иҷрои ҳамаи талабҳо 10 рӯз муҳлат дода шудааст.

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ дар ин робита менависад, Вазорати умури хориҷии Қатар аз қарори кишварҳои Ховари Миёна изҳори таассуф карда, гуфтааст, баҳонаҳои чунин амали онҳо сохта ва беасос буда, ҳадафи аслӣ ба итоати худ даровардани Доҳа аст, ки ба сари худ дастдарозӣ ба соҳибихтиёрии кишвар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.