Тағйири мақоми ҳузури САҲА дар Тоҷикистон

Тибқи қарори Шӯрои доимии САҲА, аз 1 июли соли 2017 мақоми ҳузури САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир дода мешавад ва Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ба «Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе» табдил хоҳад ёфт. Бино ба қарори мазкур, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе фаъолияти барномавиро дар доираи андозагириҳои ҳарбӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-экологӣ ва инсонии фаъолияти САҲА бо мақсади […]

Тибқи қарори Шӯрои доимии САҲА, аз 1 июли соли 2017 мақоми ҳузури САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир дода мешавад ва Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ба «Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе» табдил хоҳад ёфт.

Бино ба қарори мазкур, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе фаъолияти барномавиро дар доираи андозагириҳои ҳарбӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-экологӣ ва инсонии фаъолияти САҲА бо мақсади дастгирӣ намудани Тоҷикистон дар татбиқи принсипҳо ва иҷроиши ӯҳдадориҳои САҲА, татбиқ хоҳад кард.

Гуфта мешавад, Дафтари барномаҳо дар ҳамкории зич ва дар асоси машваратҳо бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият хоҳад кард.

Шӯрои доимии САҲА яке аз мақомоти асосии созмон мебошад, ки барои қабули қарорҳо масъул аст ва ҷаласаҳои он мунтазам баргузор мегарданд. Намояндагони ҳамаи 57 кишвари иштирокчии САҲА дар кори Шӯрои доимӣ ширкат меварзанд. Қарорҳо дар асоси консенсус қабул мегарданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.