Таксирони ӯзбек 100 ҳазор рубли фаромӯшшудаи мусофири маскавиро баргардонид

Зодаи Ӯзбекистон, ки дар шаҳри Москваи Русия ба кирокашӣ машғул аст, 100 ҳазор рубли русӣ (муодили 1700 доллари ИМА) ва ҳуҷҷатҳои шахсиро ба мусофире, ки онҳоро гум карда буд, баргардонид. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, соҳиби маблағ Павел Шапкин бо кирокаши ӯзбек акс бардошт, аммо аз шавқи пайдо кардани маблағ ва ҳуҷҷатҳо […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Зодаи Ӯзбекистон, ки дар шаҳри Москваи Русия ба кирокашӣ машғул аст, 100 ҳазор рубли русӣ (муодили 1700 доллари ИМА) ва ҳуҷҷатҳои шахсиро ба мусофире, ки онҳоро гум карда буд, баргардонид.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, соҳиби маблағ Павел Шапкин бо кирокаши ӯзбек акс бардошт, аммо аз шавқи пайдо кардани маблағ ва ҳуҷҷатҳо пурсидани номи кирокашро фаромӯш кард.

Гуфта мешавад, 17 июн сокини Киров Павел Шапкин ба мошини кирокаши зодаи Ӯзбекистон нишаста, ба маҳзи расидан ба маҳаллӣ даркориаш, ҳамён ва ҳуҷҷатҳоро дар дохили мошин фаромӯш кард, аммо баъди чанде кирокаши ӯзбек Павелро пайдо карда, ҳуҷҷатҳо ва маблағро баргардонид.

"Имрӯз ман ҳамёнамро гум кардам. Барои шарҳи муфассал бояд нависам, ки дар ҳамён 100 ҳазор рубл ва чанд ҳуҷҷати дигар буд. Ҳеч ба хотир оварда наметавонистам, ки онҳоро дар куҷо мондаам. Ва дар ҳамин лаҳза садои телефон баланд шуд ва тасаввур кунед, як ҷавони оддӣ аз Ӯзбекистон хабар медиҳад, ки ҳамёни маро ёфтааст ва мехоҳад баргардонад", – менависад соҳиби ҳамён дар саҳифаи Инстаграм.

Ӯ ҳамчунин навиштааст: "Ман амиқан дар тааҷҷубам. Метавонед тасаввур кунед, ки ин маблағҳо барои вай зиёдатӣ набуданд? Ҳам барои хонавода, ҳам барои ҳамсараш. Вале вай маро ҷустуҷӯ ва пайдо кард. Ҳарфе надорам. Ин акс барои хотира».

Зимнан зикр мегардад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёриҳо ин рафтори зодаи Ӯзбекистонро тавсиф кардаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.