Остона хабари гуфтушунидҳо доир ба фиристодани низомиён ба Сурияро рад кард

Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Кайрат Абдраҳмонов изҳор доштааст, ки Қазоқистон дар гуфтушунидҳо дар бораи ба Сурия фиристодани гурӯҳи низомиёни худ иштирок надорад. Бино ба маълумоти хабаргузории РИА Новости, вазир зикр кардааст, ки Қазоқистон бо ҳеҷ касе доир ба фиристодани намояндагони сохторҳои қудратии кишвараш ба Сурия гуфтушунид надорад. Қаблан рӯзи 22 июн намояндаи президенти Туркия Иброҳим […]

Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Кайрат Абдраҳмонов изҳор доштааст, ки Қазоқистон дар гуфтушунидҳо дар бораи ба Сурия фиристодани гурӯҳи низомиёни худ иштирок надорад.

Бино ба маълумоти хабаргузории РИА Новости, вазир зикр кардааст, ки Қазоқистон бо ҳеҷ касе доир ба фиристодани намояндагони сохторҳои қудратии кишвараш ба Сурия гуфтушунид надорад.

Қаблан рӯзи 22 июн намояндаи президенти Туркия Иброҳим Калин ба шабакаи телевизионии Haberturk изҳор намуд, ки аз ҷониби Русия масъалаи имкони дар макони нисбатан амнтари Сурия ҷойгир кардани низомиёни қазоқу қирғиз баррасӣ шуда, дар ин хусус зимни вохӯрӣ бо намояндаи махсуси президенти Русия оид ба Сурия Александр Лаврентев сухан рафтааст.

Қобили зикр аст, ки Қазоқистону Қирғизистон, ҳамроҳ бо Русия, Арманистон, Тоҷикистон ва Беларус аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мебошанд.

«Ин масъала кори ҷиддиро талаб карда, харита баррасӣ мешавад: кӣ аз куҷо ворид мешавад, шумори сарбозон ва макони ҷойгиршавии онҳо, яъне айни замон 300 ё 500 нафар зарур аст, – шарҳ додааст Калин он замон. – Айни замон дар Идлиб беш аз 1 млн. нафар иқомат дошта, низомиён шумори сарбозон барои ин миқдор аҳолиро баррасӣ доранд. Дар вохӯрии моҳи июл дар Остона мо интизорӣ дорем, ки албатта ин масъалаҳо баррасӣ хоҳанд шуд».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.