Оғози фурӯши албоми таронаҳои президенти Қирғизистон

Албоми таронаҳои президенти Қирғизистон Алмосбек Отамоев бо номи "Ба рағми тақдир" ба фурӯши озод гузошта шуд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, арзиши як фитта ё диск 300 рубли русӣ (муодили тақрибан 45 сомонӣ) муқаррар шуда, онро мешавад аз сомонаи расмии ширкати "Мелодия", ки ин ширкат бори аввал фиттаи иборат аз 10 таронаи […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Албоми таронаҳои президенти Қирғизистон Алмосбек Отамоев бо номи "Ба рағми тақдир" ба фурӯши озод гузошта шуд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, арзиши як фитта ё диск 300 рубли русӣ (муодили тақрибан 45 сомонӣ) муқаррар шуда, онро мешавад аз сомонаи расмии ширкати "Мелодия", ки ин ширкат бори аввал фиттаи иборат аз 10 таронаи президенти Қирғизистонро бо забони русӣ нашр кард, харидорӣ намуд.

Гуфта мешавад, Алмосбек Отамбоев, ки рӯзҳои охир дар Москва ҳузур дорад, дар мулоқот бо қирғизистониҳо фиттаи таронаҳояшро ҳадя кардааст. Вай гуфт, ширкати "Мелодия" бо ташаббуси худ фиттаи таронаҳои ӯро нашр кардааст.

Миёни таронаҳои фитта сурудҳои "Ман бе ту наметавонам зист", "Ман аз марг наметарсам", "Чудак", "Рита", "Тарона дар васфи Соли куҳан (31 декабр)" ҳастанд. Алмосбек Отамбоев на танҳо муаллифи оҳанг, балки муаллифи шеърҳои бархе аз таронаҳояш низ ҳаст.

Сомонаи расмии ширкати "Мелодия" хабар медиҳад, фиттаи таронаҳои Отамбоевро афроди расмии Русия, ки миёнашон вазири корҳои хориҷии ин кишвар Сергей Лавров, мудири "Роснефт" Игор Сечин, раиси бахши "Газпром" Алексей Миллер, инчунин муовини аввали раиси ҳукумати Русия Игор Шувалов ва дигарон ҳастанд, дарёфт кардаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.