Ҷароҳати 2 нафар дар пайи фирори маҳбуси тоҷик дар Ставропол

Рӯзи 22 июн як шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон талош кардааст, ки аз толори додгоҳи шаҳри Ставрополи Русия фирор кунад. Дар ҷараёни таъқиби ӯ як навраси 17-сола ва як духтари 10-сола аз тири афсарони пулис ҷароҳат бардоштаанд. Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили Akhbor.com, амалиёти таъқиби як шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон дар шаҳри Ставропол дар ҷануби Русия ҳамагӣ […]

Akhbor.com

Рӯзи 22 июн як шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон талош кардааст, ки аз толори додгоҳи шаҳри Ставрополи Русия фирор кунад. Дар ҷараёни таъқиби ӯ як навраси 17-сола ва як духтари 10-сола аз тири афсарони пулис ҷароҳат бардоштаанд.

Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили Akhbor.com, амалиёти таъқиби як шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон дар шаҳри Ставропол дар ҷануби Русия ҳамагӣ чанд дақиқа давом карда, вале боиси ҷароҳат бардоштани дастикам се нафар – худи маҳбуси фирорӣ ва ду раҳгузари ноболиғ шудааст.

Ба ҳаёти он ду ноболиғ, ки якеаш писари 17-сола ва дувумӣ духтари ҳамагӣ 10-сола будаанд, ба гуфтаи табибон, хатари ҷиддие вуҷуд надорад, вале ҳарду таҳти табобат боқӣ мемонанд. Маҳбуси фирориро кормнадони пулис боздошт кардаанд.

Шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир айбдор мешуд, кормандони пулис субҳи 22 июн барои муҳокимаи парвандааш ба додгоҳ овардаанд, вале ӯ худро аз дасти посбонҳояш раҳо карда, ба кӯча задааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.