Вохӯрӣ ва кумаки президент ба тарбиятгирандагони интернат

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Иди саиди фитр ба Муассисаи махсуси таҳсилоти асосӣ “Мактаб – интернати ёрирасони рақами 3”- и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ташриф овард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон баробари шиносоӣ бо шароити моддию маънавии бошандагони ин даргоҳи илму маърифат, ҳамчунин ба 100 нафар кӯдакони маъюби мактаб – […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Иди саиди фитр ба Муассисаи махсуси таҳсилоти асосӣ “Мактаб – интернати ёрирасони рақами 3”- и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон баробари шиносоӣ бо шароити моддию маънавии бошандагони ин даргоҳи илму маърифат, ҳамчунин ба 100 нафар кӯдакони маъюби мактаб – интернат ва 101 нафар тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакони синни томактабии рақами 1 – и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки барои мулоқот бо Президенти мамлакат ба ин ҷо омада буданд, сару либос ва дигар кумакҳои моддӣ тақдим карданд.

Гуфта мешавад, мактаб-интернати ёрирасони рақами 3 соли 1968 таъсис ёфта, дар он барои тарбияи 100 нафар кӯдакони маъюб ва дорои нуқсонҳои модарзодӣ барои таълиму ҳунаромӯзӣ шароитҳои лозима муҳайё карда шудааст.

Муассисаи мазкур дорои толори варзишӣ, синфхонаи таълими меҳнат, синфи компютерӣ, утоқи дефектологӣ, логопедия, бунгоҳи тиббӣ ва ошхона бо 65 ҷойи нишаст мебошад. Шумораи омӯзгорон 26 нафарро ташкил медиҳад. Ҷараёни таълим шабонарӯзӣ буда, ҳамаи хонандагон бо ҷойи хоб ва чор вақт бо хӯроки гарм таъминанд.

Мавриди зикр аст, ки ҳамасола тарбиятгирандагони муассисаи таълимии мазкур бо дастгирии ҳукумат мамлакат дар олимпиадаҳои махсуси варзишӣ иштирок намуда, шарафи кишварро ҳимоя мекунанд. Аз ҷумла, 6 нафар хонандаи мактаб-интернати мазкур дар мусобиқаҳои махсус дар давлатҳои Юнону Австрия аз рӯйи намудҳои варзиши сабук дар бахшҳои давидан ва ба дарозӣ ҷаҳидан иштирок карда, 6 медали тилло ва 7 медали нуқра ба даст оварданд.

Дар Хонаи кӯдакони синни томактабии рақами 1-и ноҳияи Фирдавсии пойтахт, ки ҳамаашон дар мулоқоти имрӯза бо Сарвари давлат иштирок карданд, 101 нафар, аз ҷумла 78 нафар ятим ва 5 нафарашон ятими кулл мебошанд. Дар ин муассиса низ 20 нафар кӯдаки ятим ба тарбияву ғамхорӣ фаро гирифта шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон баъди тақдими туҳфаҳо ба кӯдакон дар арафаи иди саиди фитр дар саҳни ҳавлии Мактаб-интернати ёрирасони рақами 3 бо тарбиятгирандагон ва омӯзгорон суҳбати самимӣ доир карда, оид ба дастгириҳои ҳамешагӣ ва рӯзафзуни роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон андешаронӣ кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.