Бар асари селфароӣ дар Суғд 1 мард ҳалок шуд

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Дар вилояти Суғд ҷасади марди 57-сола дарёфт шуд, ки бар асари селфароӣ дар ноҳияи Айнӣ бедарак шуда буд. Дар ноҳияи Айнӣ дар пайи боришоти шадиди рӯзи 27 июн дар чанде аз маҳаллаҳои аҳолинишин, аз ҷумла рустоҳои Лангар, Вашан ва Ревади ҷамоати Урметан сел фаромада, дар деҳаи Куми ҷамоати Дар-дар роҳҳои мошингард ва заминҳои кишт осеб диданд.

Тавре корманди маркази матбуоти ситоди ҲФ ва МГ вилояти Суғд Шаҳзода Буттаева хабар дод, субҳи имрӯз дар деҳаи Вашан ҷасади марди 57-солаи сокини маҳаллӣ дарёфт шудааст, ки дар кӯҳ ба чаронидани чорво ва ҳезумчинӣ машғул буда, пас аз фаромадани сел дигар ба хона барнагаштаааст.

«Ҳамчунин сокини 16-солаи деҳаи Путхини ноҳияи Айнӣ низ осеб дида, ӯ ҳангоми чаронидани чорво дар мавзеи Такоб зер сангфароӣ мондааст, – иброз дошт номбурда. – Наврас ҷароҳатҳои вазини ҷисмонӣ бардошта, дар бемористон бистарӣ аст».

Зимнан зикр гардид, ки рӯзи 27 июн ҳамчунин дар пайи боришоти шадид ва фаромадани сел дар ноҳияи Шаҳристон чанде аз қисматҳои роҳҳои мошингард миёни деҳаҳои Турсунзода, Ҳисор ва Шаҳристон шуста шуда, се манзили зист дар деҳоти Ҳисори ҷамоати Бунҷикати ноҳия қисман хароб шудааст.

Ситоди ҲФ ва МГ вилояти Суғд хотиррасон кард, ки аҳолии вилоят аз боришоти шадид ва эҳтимоли обхезиву селфароӣ пешакӣ огоҳ гардида буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон устуворона дар зинаи охир миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад (ГРАФИКАҲО)

Тоҷикистон аз рӯйи ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулои дохилӣ (ММД)-и номиналӣ  тайи се сол аст, ки пайдарпай дар зинаи охир миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад. Бино...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...