Шоҳмотбози тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон қувваозмоӣ мекунад

Дар мусобиқаи минтақавии Чемпионати кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, шоҳмотбози тоҷик Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев зинаи дуюмро ишғол намуд. Ӯ бо касби 6,5 имтиёз аз 9 холи имконпазир (4 ғалаба ва 5 мусовӣ) барои иштирок дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба шоҳмот, ки аз 2 то 28 сентябр дар шаҳри Тифлис (Гурҷистон) доир […]

Дар мусобиқаи минтақавии Чемпионати кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, шоҳмотбози тоҷик Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев зинаи дуюмро ишғол намуд.

Ӯ бо касби 6,5 имтиёз аз 9 холи имконпазир (4 ғалаба ва 5 мусовӣ) барои иштирок дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба шоҳмот, ки аз 2 то 28 сентябр дар шаҳри Тифлис (Гурҷистон) доир мегардад, ҳуқуқ пайдо кард.

Қобили зикр аст, ки дар марҳилаи финалии Ҷоми ҷаҳон бори охир 9 сол пеш гроссмейстер Фаррух Амонатов Тоҷикистонро намояндагӣ карда буд.

Дар рейтинги ФИДЕ айни замон Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев миёни шоҳмотбозони тоҷик мақоми дуюмро ишғол намуда, зина ба зина ба дарёфти унвони гроссмейстери байнулмилалӣ наздик мешавад.

Дар мусобиқаи шоҳмоти Тошканд миёни мардон 32 нафар шоҳмотбозони варзида аз Афғонистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат варзида, намояндагони дастаи мизбон ба Ҷоми ҷаҳон соҳиб шуданд. Дар ҳисоби умумидаставӣ Қазоқистон зинаи дуюм ва Тоҷикистон – мақоми сеюмро ишғол карданд.

Миёни мардон зинаи аввалро – Ҷаҳонгир Воҳидов аз Ӯзбекистон ва медали биринҷиро Петр Костенко аз Қазоқистон соҳиб шуд. Дар мусобиқа байни занон Динора Садуаккасова аз Қазоқистон ғалаба карда, намояндаи Тоҷикистон мутриба Ҳотамӣ зинаи 14-умро ишғол кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.