Вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви ИДМ дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки бо мақсади иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, барои мулоқот ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни сӯҳбат масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҳамкории […]

Asia-Plus

Имрӯз дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки бо мақсади иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, барои мулоқот ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни сӯҳбат масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҳамкории зич ва самаранок байни сохторҳои дахлдори Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои аъзои ИДМ дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, гардиши маводи мухаддир, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба гуруҳҳои ифротӣ баррасӣ шуд.

Таъкид гардид, ки дар давраи ҷаҳонишавӣ ва вазъи зудтағйирёбандаи олам бояд сохторҳои дахлдори кишварҳои аъзо дар доираи ҳамкории дастаҷамъона ва огоҳона дар чаҳорчуби иттиҳод барои пешгирии таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир тадбирҳои муштарак андешанд ва бар зидди онҳо муқовимати шадиду оштинопазир нишон диҳанд.

Ҳамчунин зимни мулоқот зикр гардид, ки татбиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии дар доираи иттиҳод қабул гардида, гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-профилактикӣ, табодули иттилоот, тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони ин сохторҳо барои таъмини амнияту субот дар ҷомеа мусоидат менамояд.     

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои судманди ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.